Назира Минҳоҷовна Ғуломова (Тав. 25.05.1962, шаҳри Душанбе) — олим, пизишки бемориҳои сироятӣ. Номзади илмҳои тиб (1991).

Назира Ғуломова
Назира Минҳоҷовна Ғуломова
Таърихи таваллуд 25 май 1962(1962-05-25) (62 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Зиндагинома

вироиш

Назира Минҳоҷовна Ғуломова 25 майи соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фарзанди академик Минҳоҷ Ғуломов. Дастпарвари мактаби № 35 шаҳри Душанбе (1978). Факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1984). Ординатори клиникӣ (1984-86), аспирант (1986-90), ассистенти кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ (1991-2000). Пизишки мушовири ҶДММ «РАН» (2000- 09). Аз. с. 2009 – ассис. ва дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Дар мавзӯи «Клиника, баъзе ҷанбаҳои пардоишу инкишофи тадриҷӣ ва табобати фастсиолёзи музмин» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муаллифи 2 тавсияи методӣ, аз ҷумла «Использование показателей перекисного окисления липидов и антиоксидантной системы для диагностики и лечения хронического фасциолёза» (Д, 1990); «Особенности нарушений клеточно-гуморального иммунитета у больных хроническим фасциолёзом и пути их коррекции» (Д,, 1990).[1]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6