Назмии Истаравшанӣ

Саидмаҳмудхон Назмии Истаравшанӣ (форсӣ: نظمی استروشنی‎; 1827, Истаравшан — 1892/93, ҳамон ҷо) — шоир, мударрис, муфтӣ ва қозии форс-тоҷик, падари Зуфархон Ҷавҳарӣ ва бобои Суҳайлӣ Ҷавҳаризода.

Назмии Истаравшанӣ

Зиндагинома

вироиш

Айёми кӯдаки ва ҷавониашро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Дар Бухоро таҳсили илм кар­дааст. Баъд аз хатми Мадраса Назмии Истарафшанӣ дар зодгоҳаш муддате мударрис, баъдтар муфтӣ ва сипас қозӣ шудааст.

Назмии Истарафшанӣ ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хушбаёну бомаҳорат шуҳрат ёфта, сазовори эҳтироми хосу ом будааст. Аз мероси адабии Назмии Истаравшанӣ то имрӯз чанде ғазал ва абёти пароканда дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст. Ғазалҳояш содда ва равону дилнишинанд. Дар зимни ғазалиёти ишқӣ Назмии Истарафшанӣ ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайра дахл карда, нуқсонҳои ҷамъияти онрӯза, шахсони пастфитрату ҳасудро фош менамояд.

Адабиёт

вироиш
  • Назмии Истаравшанӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).