Суҳайлӣ Ҷавҳаризода

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода (5 октябри 1900, Ӯротеппа — 11 июли 1964) — рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1935).

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода
Суҳайли Ҷавҳаризода
Таърихи таваллуд: 5 октябр 1900(1900-10-05)
Зодгоҳ: Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 11 июл 1964(1964-07-11) (63 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир
Жанр: достон, шеър
Забони осор: забони тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода 5 октябри соли 1900 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан), дар хонадони шоири номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860—1945) ба ҷаҳон омадааст. Солҳои аввали ҳаёти нав дар мактабҳо муаллимӣ, баъдан Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1925—1957 рӯзноманигор будааст. Солҳои охир муҳарририи Нашриёти давлатии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст.

11 июли соли 1964 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

вироиш

Соли 1933 маҷмӯаи аввалини ашъораш «Таронаи зафар», соли 1935 достонҳои «Камбағал» ва «Зафар», баъдан маҷмӯаҳои шеърии «Фатҳнома» (1936), «Тӯҳфа» (1937), «Гулдаста» (1939), «Бӯстон» (1940)-аш ба табъ расидаанд. Драмаи «Пионер Содиқ» соли 1939 чоп шудааст. Солҳои ҶБВ маҷмӯаи шеърҳои «Тӯҳфа ба қаҳрамонони Ватан» (1944) ва достони «Қувваи дӯстӣ» (1944)-ро пешниҳоди хонандагон намудааст. Солҳои баъд зиёда аз бист маҷмӯаи шеърҳояш ба табъ раидаанд, ки «Баҳори Ватан» (1951), «Баҳори дӯстӣ» (1956), «Қисмати Карим» (1958) «Ҷӯянда-ёбанда» (1963), «Оинаи хандаҳо» (1965) ва ғ. аз он ҷумлаанд. Чанд китобаш дар Маскав (ба русӣ) чоп шудааст. Шеъру достонҳои алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, К. Чуковский, А. Барторо ба тоҷикӣ гардондааст.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб»,2014. — С. 285 ISBN 978-99947-2-379-9