Наим Маҳкамов

сароянда ва оҳангсози тоҷик (сопранои лирикӣ)

Наим Маҳкамов (тав. 15.06.1952, шаҳри Истаравшани вил. Суғд), сароянда ва оҳангсози тоҷик (сопранои лирикӣ). Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон

Наим Маҳкамов
Наим Маҳкамов
Ном ба ҳангоми таваллуд Наимҷон
Таърихи таваллуд 15 июн 1952(1952-06-15) (72 сол)
Зодгоҳ Истаравшан
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

вироиш

Нозукиҳои санъати сарояндагиро аз падараш Маҳкам Ғафуров (сарояндаи халқӣ) омӯхтааст. Соли 1973 факултети механикии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм карда, Солҳои 1973-1986 инженери ф-каи трикотажии шаҳри Ӯротеппа (ҳоз. Истаравшан) ба номи «60-солагии СССР» буд. Аз соли 1987 муассис ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Дилшод». Маҳкамов ҳамчун сароянда дар мусобиқаҳои ҳунарии ҳаваскорони санъат мунтазам баромад мекард. Маҳкамов сурудҳои классикию тоҷикӣ, таронаҳои халқҳои ҷумҳуриҳои бародарӣ ва шарқиро хеле моҳирона месарояд. Дар барномаҳояш сурудҳо дар васфи ватан, ишқу муҳаббат, насиҳату ахлоқӣ ва ғ.-ро дар бар мегиранд: «Ушшоқи Содирхон», «Чоргоҳи 1», «Ушшоқи Мулло Тӯйчӣ» ва оҳангҳои эҷодкардаи худаш – «Ватан» (шеъри Ф. Ансорӣ), «Комсомол» (шеъри С. Маъмур), «Шукр дар даврони мо» (шеъри Ғ. Мирзо), «Ба дилбар» (шеъри А. Лоҳутӣ), «Наргиси шаҳло» (шеъри Н. Назирӣ)-ро хеле моҳирона сароидааст. Маҳкамов дар ин самт зиёда аз 50 суруд эҷод намудааст. Сурудҳои «Модарам» (шеъри Отабоев), «Марши комсомол» (шеъри С. Аюбӣ), «Ба Мирзо Турсунзода» (шеъри Н. Тихонов), «Боди насим» (шеъри Ҳофиз) ва ғ. намунаҳои беҳтарин маҳсули эҷодии ӯ мебошанд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.224. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)