Намад — як навъ маҳсулоти пашмист, ки аз пашми чорпои хонагӣ (яъне, пашми буз ё гӯсфандро истифода мебаранд) таҳия шуда, ҳамчун мафраш ба кор меравад. Барои як намади андозааш миёна 6-7 кг пашм сарф мешавад. Инчунин аз намад хайма, телпак, мӯза, патаки пойафзор ва ашёи дигар тайёр мекунанд. Намад дар хонаҳои сокинони Помир аз замонҳои қадим вазифаи гилем, палос, кӯрпаву кӯрпача ва кампалро иҷро мекунад. Зеро дар он минтақа пахта ва маҳсулоти пахтагин хеле кам буданд. Аз намад инчунин болопӯш ва арақчини асп, китфпӯши чӯпонон (чакман) тайёр карда мешавад.[1]

Намадмолӣ

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 50.