Намозгоҳи Бухоро — дар қисми ҷануби шаҳр, дар ҷои қароргоҳи тобистонаи сулолаи Қарохониён соли 1119 бино ёфтааст. Бинои масҷид аз хишти пухта буда, атрофаш бо девори баланд иҳота гардида буд. Минбари баланд ва меҳроби зебое дошт. Кандакории нафиси меҳроб комилан боди мондааст. Дар садаи XIV масҷид таъмир шуда, бо кошиҳои рангоранг зинат ёфт. Нимаи дуюми садаи XVI ҳангоми таъмир ва тармими масҷид ба он пешайвони сетокдор илова гардид. Дар пеши масҷид пештоқи баланду пуршукӯҳ, дар паҳлӯҳояш дарҳои токдор ва дар болояш гунбаз сохта шудааст. Намозгоҳ чоркунҷа буда, аз се хонаи асосӣ иборат аст. Хонаҳо бо ҳам пайваст буда, ба хо­наи асосӣ тавассути пештоқи ба­ланд, ба хонаҳои паҳлӯи аз даромадгоҳи тоқдор медаромаданд. Пештоқ бо нақшҳои ҳандасӣ, гиреҳҳо ва бо оятҳои Қуръон ороиш ёфтааст. Дар масҷид аиъанаҳои хоси меъмории асрҳоои 12—16 Бухоро ифода гардидааст.

Намозгоҳи

Сарчашма

вироиш