Намозгоҳ
Намозгоҳ (форсӣ: نمازگاه), мусалло (ар. المصلى) — масҷидест, ки дар он рӯзҳои Иди Қурбон ва Рамазон намоз мехонданд. Азбаски дар рӯзҳои иди динӣ масҷидҳои шаҳр ҳамаи намозхононро ғунҷонда наметавонист, дар беруни шаҳр намозгоҳ сохта мешуд. Намозгоҳ ба тарзи анъанавӣ бино ёфта, бештар дар пеши девори меҳроб пешайван ва суфача сохта мешуд. Баъзе масҷидҳои намозгоҳ аз ҷиҳати санъати меъморӣ ҷолибанд.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.