Намозгоҳи Самарқанд

Намозгоҳи Самарқанд — дар беруни шаҳр соли 1630 аз тарафи мансабдори Бухоро Нодир Девонбегӣ бино ёфтааст. Аз хишти пухтаи суфта сохта шуда, танҳо аз пештоқ ва як хонаи гунбазпӯш иборат аст, се тарафи он кушода буда, дар дохилаш меҳроб ҷой гирифтааст. Айвонҳои пеши бино рӯ ба майдони хеле васеъ сохта шудаанд. Майдон бо девори паст иҳота шудааст. Тарҳи масҷид одӣ буда, танҳо пештоқ ва пойгунбазҳои он кошикорӣ шудааст.

Ёдмон
Намозгоҳи Самарқанд
Кишвар
Макон Самарқанд
 Парвандаҳо дар Викианбор
Намозгоҳи Самарқанд


Сарчашма

вироиш