Намояндаи Президенти ҶТ дар Маҷлиси Миллӣ
Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ - мувофиқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2000 намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти палатаҳои Маҷлиси Олӣ иштирок менамояд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонҳуқуқи иштирок кардан дорад. Дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бе навбат сухан кардан дорад, ӯ метавонад дар муҳокимаҳои парлумонии кушод ва пӯшида иштирок намояд. Дар ҳолатҳои дар Дастур пешбинишуда намояндаи Президенти ҶТ дар Маҷлиси миллӣ дар ҷаласа ва иҷлосияи Маҷлиси миллӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад сухан гӯяд. Инчунин намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иштирок менамояд ва ҳуқуқи бенавбат сухан кардан дорад. [1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 329