Намояндаи Президенти ҶТ дар Маҷлиси намояндагон
Намояндаи Президенти ҶТ дар Маҷлиси намояндагон - мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри с.2001 дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон ширкат меварзад. Ӯ дар ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон (б.З м.9), дар ҷаласаи кумита ва комиссияҳо (6.2 м.18), дар ҳамаи ҷаласаҳои ошкоро ва пӯшидаи Маҷлиси намояндагон (6.1 м.43) ҳуқуқ дорад иштирок намояд, дар муҳокимаҳои парлумонии ошкоро ва пӯшида ширкат варзад (б.З м.84), оид ба лоиҳаи қонуни аз номи Президент ба парлумон пешниҳодшуда дар маҷлисҳои кумитаи масъул дар муҳокима иштирок намояд (6.2 м.99). Намояндаи Президенти ҶТ дар Маҷлиси намояндагон дар қироати аввал, дуюм ва баъдинаи лоиҳаи қонун дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ширкат меварзад (6.4 м.106, 6.2 м.111), ҳангоми баррасии такрории қонуни баргардонидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон сабабҳои баргардонидани қонунро шарҳ медиҳад (6.1 м.122). Инчуннн намояндаи Президенти ҶТ дар Маҷлиси намояндагон ҳангоми баррасии баъзе масъалаҳои салоҳияти Мачдиси намояндагон иштирок менамояд (м. 133 ва м. 149).[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 329