Наримон Мадалиев

Наримон Мадалиев (тав. 22.12.1931, ноҳияи Кофарниҳон – ваф. 4.12.2005, ш. Душанбе), заминшинос, доктори илмҳои геология (1992), профессор (1995).

Наримон Мадалиев
Наримон Мадалиев
Санаи таваллуд:

22 декабр 1931(1931-12-22)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Санаи марг:

4 декабр 2005(2005-12-04) (73 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

геология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

доктори илм

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Ҷоизаҳо:

нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

ЗиндагиномаВироиш

Соли 1953 факултети табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1953–1994 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи географияи табиии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1965–1985 вазифаи мудири кафедраи географияи табиӣ ва заминшиносиро ба ӯҳда доштааст. Аз соли 1995 ҳамчун профессори кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев фаъолият менамуд. Муаллифи се монография ва зиёда аз 44 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар корҳои илмии худ масъалаҳои истихроҷ ва истифодабарии иқтисодии сарватҳои минералиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Тӯли фаъолияти бисёрсолааш дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар тарбияи ҳазорҳо нафар мутахассисон саҳми назаррас гузоштааст.

МукофотВироиш

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Пайвандҳои берунаВироиш