Заминшиносӣ
Заминшиносӣ, геоло́гия (аз юн.-қад. γῆ «Замин» + λόγος «дониш, илм») — илм дар бораи таркибу сохт, пайдоиш, таърихи инкишофи Замин, пеш аз ҳама, қишри Замин, равандҳои дар дохилу рӯи Замин ҷараёнгиранда, қонуниятҳои пайдоишу ҷойгиршавии захираҳои ашёи минералӣ.
Заминшиносӣ илми мураккаб ва бисёрсоҳа буда, ба 4 гурӯҳи калон тақсим мешавад:
- Илмҳое, ки таркиб ва сохти қишри Заминро меомӯзанд: минералогия, петрография, литология, геологияи сохторӣ ва кристаллография.
- Илмҳое, ки равандҳои геологиро таҳқиқ мекунанд: тектоника (геотектоника), тектоникаи эксперименталӣ, неотектоника. Ба тектоника вулканшиносӣ ва сейсмология низ алоқаманданд.
- Илмҳое, ки таърихи пайдарҳамии равандҳои геологиро меомӯзанд: геологияи таърихӣ, стратиграфия, палеогеография, геологияи давраи чорум. Ба ин гурӯҳ палеонтологияро ҳам дохил мекунанд.
- Илмҳое, ки аҳаммияти амалӣ доранд: геологияи конҳо (сарватҳои зеризаминӣ), ҳидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геологияи ҳарбӣ.
Солҳои охир соҳаҳои нави илми заминшиносӣ — петрокимиё, петротектоника ба вуҷуд омаданд. Заминшиносӣ бо заминфизик, заминшимӣ, заминсанҷӣ, инчунин бо географияи табиӣ, геоморфология, иқлимшиносӣ, ҳидрология, уқёнусшиносӣ, глятсиология ва космогонияи сайёравӣ зич алоқаманд аст.
Заминаҳои таърихӣ
вироишТаърихи ҷамъияти инсонӣ ва таърихи истифодабарии ҷинсҳои кӯҳӣ бо ҳам зич алоқаманданд. Бесабаб нест, ки марҳалаҳои аввалини таърихи инсониятро ҳамчун асри санг, асри оҳан, асри биринҷӣ ёд мекунанд. Дар баробари истифодаи сарватҳои табиат, ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим, аввалин тасаввурот дар бораи Замин, шакл ва сохти он ба вуҷуд омадааст. Аксари вақт дар ин тасаввурот инъикоси релефи ҷои зисти одамон, ҳодисаҳои дар гирду атрофи онҳо рухдиҳанда дида мешуд. Мардуми Ҳиндустон Заминро ҳалқаҳои гирди иборат аз обу хушкӣ тасаввур мекарданд. Фаластиниёни дар ҳамворӣ зиндагикунанда гумон доштанд, ки Замин тахту ҳамвор буда, ҷо-ҷо дар рӯи он кӯҳҳо баланд мешаванд. Бошандагони кӯҳистони мо оламро бо кӯҳи Қофи афсонавӣ маҳдуд менамуданд. Вале аксарият бовар доштанд, ки дар зери Замин дунёи дигари даҳшатовар ё дӯзах вуҷуд дорад. Заминҷунбиҳои шадид, амалиёти вулканҳо, обхезию тӯфонҳо ва раъду барқ ба пайдоиши ҳар гуна фикру андешаҳо ва афсонаҳо сабаб мешуданд. Аввалин кӯшишҳои аз нуқтаи назари илмӣ маънидод кардани ҳодисаҳои табиат дар давраи атиқа ба мушоҳида мерасад. Файласуфони Юнони Қадим Фалес аз Милета (624—547 то м.), Файсоғурис (асрҳои 6-5 то м.), Анаксимандр (610—546 то м.), Демокрит (460—370 то м.), Арасту (384—322 то м.) дар бораи шакли Замин, заминҷунбӣ, амалиёти вулканҳо, ҳаракатҳои пасту баландшавии ҷойҳои алоҳидаи сатҳи Замин ақидаҳои аз тасаввуроти афсонавӣ озод доштанд, ки барои пайдоиши заминаи илмҳои заминшиносӣ хеле зарур буданд. Дар илми маъданшиносӣ низ аз ҷониби олимони Юнони Қадим ва Руми Қадими он асрҳо кӯшиши материалистона маънидод кардани офаринишҳои табиӣ ба назар мерасад. Дар асрҳои баъдӣ дар мамлакатҳои Шарқу Ғарб доир ба ҷинсҳои кӯҳӣ асарҳои зиёде навишта шуда бошанд ҳам, онҳо асосан такрори маълумоти пешина буда, бештар ба аҳаммияту қимати сангҳо дахл кардаанд. Пас аз рукуди чандасра эҳёи ақидаҳои материалистӣ аввал дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оғоз меёбад. Олими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино (980—1037) дар асари худ «Китобу-ш-шифо» дар натиҷаи омӯзиши боқимондаҳои ҳайвоноти санггашта ба хулосае меояд, ки хушкиҳои феълӣ як замоне қаъри баҳр будаанд ва баъзе қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ (сангҳо) дар муҳити қаъри обӣ ба вуҷуд омадаанд. Абуалӣ ибни Сино яке аз аввалинҳост, ки дар ин асари худ ҷинсҳои кӯҳӣ (сангҳо) ва минералҳоро раддабандӣ карда, дар бораи хосияти баъзе сангҳо ва филиззот маълумоти асоснок додааст. Донишманд ва мутафаккири бузурги Шарқ Абурайҳони Берунӣ (973—1051) дар асари худ «Маълумот дар бораи шинохти сангҳои қиматбаҳо» («Китобу-л-ҷамоҳир фӣ маърифати-л-ҷавоҳир»), ки бо номи «Минералогия»-и Берунӣ машҳур аст, беш аз 100 навъи минералро шарҳ дода, ба беш аз 500 ному муродифи сангҳои қиматбаҳо, филиззоту хӯлаҳо ишора менамояд; доир ба хосиятҳои минералҳо, аз ҷумла ранг, шаффофию сахтӣ, магнитнокию ҷило, электризатсия, шакли кристаллҳо, таркиб, вазни хос маълумот додааст. Аз ин асари Абурайҳони Берунӣ бармеояд, ки то замони ӯ дар Шарқи порсигӯ китобнависӣ дар бораи сангҳо ва маъданҳо як анъанаи илмӣ будааст. Берунӣ дар «Минералогия»-и худ ҳатто ба як рисолаи ба забони суғдӣ навишташуда ишора кардааст. Берунӣ шояд якумин касест, ки масъалаи таҳаввулот (эволютсия)-и геологиро ба миён гузоштааст ва масъалаҳои пайдоиши кӯҳҳо, ҷунбиши қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳру хушкӣ аз доираи тафаккури ӯ берун намондааст. Ақидаи Берунӣ дар бораи таърихи геологии ҳавзаи д-ҳои Ому ва Ганг ба ақидаи имрӯзаи мо хеле наздиканд. Берунӣ ҳамчунин ба конҳои тилои Қаротегину Шуғнон, лаълу лоҷварди Бадахшон, симобу нуқраи Зарафшон ва нафти водии Фарғона ишора мекунад. Ӯ қонуни вобаста ба суръати ҷараён паси ҳам таҳшиншавии маводди гуногунвазнро муайян кардааст. Ин қонунро ба таври ҳаққонӣ «Қонуни Берунӣ» номидан мумкин аст.
Бо таъсири илму фарҳанги Аҷам дар асрҳои 15-16 ба саҳнаи илми мамлакатҳои Аврупо олимони барҷаста баромаданд, ки ба пешравии илми заминшиносӣ сабаб шуданд. Асарҳои Агрекола (Геор Бауэр, 1494—1555) дар бораи сангҳову минералҳо ва тафовути онҳо, В. Гилберт (1600) оид ба магнетизм, тасаввуроти Р. Декарт (1596—1650) ва Г. Лейбнитс (1646—1716) дар бораи пайдоиш ва инкишофи Замин, ақидаҳои Фюкил дар бораи қабатҳои ҷинсҳо (сангҳо)-и таҳшин, ки бо ақидаҳои имрӯза хеле наздиканд, барои тавлиди илми заминшиносӣ ба маънои ҳозирааш заминаи боэътимод гардиданд. Вале бо вуҷуди дастовардҳои назарраси илмӣ оид ба омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо, пайдоиши конҳои ашёи минералӣ илми заминшиносӣ ба маъное, ки имрӯз дорад, вуҷуд надошт.
Истилоҳи «геология»-ро ба маънои имрӯзааш аввалин бор табиатшиноси норвегӣ М. П. Эшолт дар соли 1657 кор фармудааст. Заминшиносӣ ҳамчун соҳаи мустақили табиатшиносӣ дар миёнаи садаи XVIII ба вуҷуд омад. Дар инкишофи илми заминшиносӣ хидмати М. В. Ломоносов (Русия), А. Г. Вернер (Олмон), Ж. Кювэ ва А. Броняр (Фаронса), В. Смит (Англия) хеле бузург аст.
Давраи шаклгирии бахшҳои асосии заминшиносӣ
вироишОлимони аврупоӣ В. Смит (1769—1839), Ж. Ковэ (1789—1832) ва А. Бронян (1770—1847) бори аввал усули палеонтологӣ (деринашиносӣ), яъне, тавассути боқимондаҳои органикӣ муайянкунии мавқеи нисбии қабатҳои пайдоишоти таҳшин ва дунболагирии қабатҳоро дар фосилаҳои зиёд ҷорӣ намуда, ба тавлиди заминшиносии замонавӣ асос гузоштанд. Ин усул имкон дод, ки заминшиносии то андозае афсонавию натурфалсафии асрҳои 16-18 дар муддати кӯтоҳ ба илми Замин ва қишри онро бо усулҳои объективӣ омӯзанда табдил ёбад. Истифодабарии усули палеонтологӣ инчунин ба ташаккули шохаҳои гуногуни заминшиносӣ сабаб шуд. Дар натиҷаи истифодабарии ин усул дар чор даҳсолаи аввали садаи XVIII, ки онро «давраи тилоии таърихи геология» меноманд, асоси заминшиносии муосир — стратиграфия (чинашиносӣ)-и ҷинсҳои таҳшинии қишри Замин ва тарҳи асосии геохронологияи нисбӣ муайян карда шуд. Дар асоси усули палеонтологӣ ҷудо кардани қабатҳои стратиграфӣ пеш аз ҳама усули харитасозӣ (аксбардори)-и геологии ҷинсҳои таҳшиниро ба куллӣ тағйир дод. Ҳамин тавр, шохаи нави заминшиносӣ — харитасозии геологӣ арзи вуҷуд намуд. Дунболагирии қабатҳои ҳамсин инчунин нишон дод, ки онҳо баъзан ҳамвор хобида, дар мавридҳои дигар чиндор шуда, дар шакли антиклиналу синклиналҳо ҷой мегиранд. Омӯзиши хусусиятҳои мураккаби қабати ҷинсҳо, ноҷӯриҳову таваққуфҳои онҳо боиси пайдоиши бахши дигар ва муҳимми заминшиносӣ — тектоника (заминшиносии сохтмонӣ) гардид. Дунболгирии қабатҳои ҷудогонаи стратиграфӣ инчунин нишон дод, ки дар баъзе мавридҳо таркиби ҷинсҳои қабатҳо дар макон тағйир меёбад. Мас., қабате, ки дар як маҳал аз гил иборат аст, оҳиста-оҳиста таркиби худро тағйир дода, дар маҳалҳои дигар ба қабати оҳаксангӣ ё алевролитӣ табдил меёбад. Баъзан на танҳо таркиби литологӣ, балки хусусияти боқимондаҳои органикии дар ин қабат маҳфуз низ дигар мешавад. Омӯзиши таъсири шароити физикию ҷуғрофиёӣ ба таҳшинғуншавӣ якбора ба пайдоиши се равияи илми заминшиносӣ — фатсиология, палеогеография ва литология сабаб шуд. Дар ибтидои садаи XIX олимони Фаронса (Гаюи, Кордие, Кокан, Броняр ва дигарон), Олмон (Леонгард, Науман, Рот) ва Русия (Севергин, Соколов, Абих) дар ташаккули илми петрография (сангнигорӣ) саҳм гузоштанд. Соли 1801 аввал Р. Ж. Гаюи, баъд А. Броняр ва дигарон гурӯҳбандии ҷинсҳоро дар асоси таркиби кимиёӣ пешниҳод намуда, мафҳумҳои асосии ин илм — ҷинсҳо, ҷинсҳои магмавӣ, ҷинсҳои таҳшинӣ, ҷинсҳои дигаргуниро шарҳ доданд. Солҳои 1813-22 олимони олмонӣ Х. Вес ва Ф. Маос сохторҳо (сингонияҳо)-и кристаллографиро муқаррар намуданд. Дар Русия солҳои 1853-91 Н. И. Кошкаров беш аз 400 навъи минералро аз ҷиҳати минералогию кристаллографӣ шарҳ дод. У. Никол соли 1828 маншури қутбиши нури рӯшноиро ихтироъ намуд, ки дар асоси он баъдтар И. Неренберг асбоби оптикии қутбишро сохт. Дар натиҷаи такмили ин асбоб микроскопи қутбиш ба вуҷуд омад, ки ҳоло он муҳимтарин воситаи муайянкунанда ва омӯзиши хосиятҳои оптикии минералҳо, кристаллҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ (сангҳо) мебошад. Таълимоти О. Бравэ (1850) дар бораи панҷараи фазоии кристаллҳо кристаллография (булӯршиносӣ)-ро ба дараҷаи илми мустақил баровард. Муваффақиятҳои илмҳои кимиё, минералогия, кристаллография низ дар ин давра хеле назаррас буданд. Омӯзиши амиқи минералҳои алоҳида, хусусиятҳои сохти геологии ноҳияҳои ҷудогона, вусъати ҷустуҷӯю муайянкунии миқдори захираҳои ашёи минералӣ, зарурати рӯзафзун ба намудҳои гуногуни унсурҳои кимиёӣ, аҳаммияти амалӣ пайдо кардани омӯзиши равандҳои геологӣ ба пайдоиши соҳаҳои нави заминшиносӣ ва инкишофи шохаҳои пештар ташаккулёфтаи он сабаб шуд. Дар нимаи дуввуми садаи XIX ва ибтидои садаи XX доираи илмҳои ҳидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геоморфология, вулканология (вулканшиносӣ), геологияи нафту газ, геологияи ангишт муайян гардид. Кашфи усули спектралии муайянкунии миқдори ками унсурҳои кимиёӣ дар таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ аз тарафи заминшиносӣ Р. Кирхгоф ва Р. Бунзине (1859) ва системаи даврии унсурҳои кимиёӣ аз ҷониби Д. И. Менделеев (1869) ба ташакули илми геокимиё мусоидат намуд. То нимаи аввали садаи XX унсурҳои hi, Na, K, Be, Mg, Ca, Sr, Ba, B, Al, Si, Tm, U, V, Nb, Ta, Se, Br, J, Rh, Ru, Pd, Os, Ir, ha, Ce, Tb, Er кашф шуда буданд. Дар ибтидои садаи XX беш аз пеш ба омӯзиши масъалаҳои заминшиносии умумисайёравӣ, тартиб додани харитаҳои минтақавию тамомиарзии геологӣ, тектоникӣ, харитаҳои соҳавӣ, мувофиқкунонии нақшаву буришҳои геологии ноҳияҳои гуногун эҳтиёҷ пайдо шуд. Конгрессии байналмилалии геологӣ (КБГ) даъват карда шуд, ки минбаъд ҳамчун ташкилоти доимӣ ба расмият даромад ва ҳар чаҳор сол сессияи навбатии худро дар ин ё он мамлакат доир менамуд. Дар назди КБГ комиссияҳои гуногуни геологӣ (заминшиносӣ) аз стратиграфия то усулҳои таълими илмҳои заминшиносӣ ташкил карда шудааст. Ба мақсади ба низом даровардани фаъолияти ин ташкилотҳо дар муддати байни сессияҳои соли 1960 дар Сессияи 21-уми КБГ (Копенгаген) Иттиҳоди байналмилалии илмҳои геологӣ (ИБИГ) ташкил карда шуд, ки минбаъд бо КБГ тавъам сессия (ҷаласа) ба роҳ мемонад. Таҳти назорати КБГ аввалин нақшаҳо (харитаҳо)-и байналмилалӣ ва минтақавии геологӣ, тектоникӣ ва дигар нақшаҳои махсус тартиб дода шуданд ва масъалаҳои заминшиносӣ (заминшиноси)-и сайёравӣ ҳалли худро ёфтанд. Дар Сессияи 33-юми КБГ, ки соли 2008 дар Осло (Норвегия) баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 120-уми КБГ шуд.
Давраи кунунии илми заминшиносӣ ва вазифаҳои асосии он
вироишИмрӯз заминшиносӣ ба илме табдил ёфтааст, ки даҳҳо бахшҳои ашёи минералӣ, геогеологияи нафту газ, геологияи каустболитҳо, ҳидрогеология, геологияи муҳандисӣ, стратиграфия, геотектоника, петрология (сангшиносӣ), петрография, геоморфологияро дар бар гирифта, ҳалли вазифаҳои гуногун ва мураккаби илмию амалиро ба уҳда дорад. Барои иҷрои вазифаҳои худ заминшиносӣ бо истифода аз усулҳои дақиқ ва асбобҳои муосир дар омӯхтани на танҳо масъалаҳои анъанавии заминии худ, балки таркибу пайдоиши маводди аз кайҳон бадастомада низ ширкат меварзад. Тавассути дастгоҳҳои кайҳонӣ ба даст овардани намунаҳои сангҳо аз Моҳ ва таҳлили таркиби маводди сайёраҳои дигар имкон дод, ки хусусиятҳои физикию кимиёии моддаҳои қабатҳои болоии онҳо бо таркибу сохти маводди минералии заминӣ муқоиса карда шавад. Чунин муқоиса масъалаҳои таърихи инкишофи геологии Заминро дар марҳалаи аввали он равшан карда метавонад. Ҳамин тавр, заминшиносии муосир ба яке аз қисмҳои таркибии илми умумитар — сайёрашиносӣ табдил ёфта истодааст. Яке аз масъалаҳои заминшиносии муосир консепсияи «тектоникаи нави глобалӣ» мебошад, ки асосҳои онро ҳанӯз соли 1912 Алфред Вегенер дар назарияи «сайри қитъаҳо» ба муҳокима гузошта буд. Мувофиқи варианти имрӯзаи ин ақида манбаи равандҳои эндогенӣ на аз мантияи болоӣ, балки аз мантияи поёнии Замин ё ҳатто аз ҳастаи Замин сар мезанад. Геологҳо беш аз пеш ба хулоса меоянд, ки на танҳо материкҳо (қитъаҳо), балки плитаҳои уқёнусӣ низ сайр доранд. Ҳалли ин масъала ва дигар масъалаҳои ба тақдири сайёраи Замин вобаста бисёр масъалаҳои заминшиносӣ (заминшиносӣ)-ро равшан хоҳад кард. Имрӯз ҳам яке аз масъалаҳои заминшиносӣ бо ашёи минералии зарурӣ (унсурҳои кимиёӣ, маъданҳои гуногун, нафту газ, обҳои зеризаминӣ) таъмин намудани эҳтиёҷоти иқтисодии кишварҳо ва муайянкунию васеъкунии доираи истифодаи намудҳои ашёи минералӣ мебошад. Вазифаи дигаре, ки ба зиммаи заминшиносӣ гузошта шудааст, омӯзиши шароити геологии ҷои сохтмони иншооти рӯизаминӣ ва зеризаминӣ аст. Дар чанд даҳсолаи охир усулҳои аз масофа омӯхтани сатҳи замин ва сохти геологии он — аэрокосмогеология дар бахшҳои гуногуни заминшиносӣ бо муваффақият татбиқ шуда истодааст.
Пажуҳишҳои заминшинохтӣ дар Осиёи Марказӣ
вироишТаҳқиқоти геологӣ (ба маънои имрӯзааш) дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар садаи XIX, баъди ба Русия ҳамроҳ кардани қисми зиёди ин минтақа ва ташкили Генерал-губернатории Туркистон оғоз гардиданд. Ба таҳқиқоти нақшавӣ ва мунтазами геологӣ И. В. Мушкетов ибтидо гузошт. К. Т. Кауфман бо маблағи ҷудокардаи Генерал-губернатории Туркистон аз соли 1874 ба омӯзиши водии Сирдарё ва минтақаҳои атрофи он шурӯъ намуд. Соли 1976 И. В. Мушкетов таҳқиқотро дар водии Олой ва Помир идома ва ба чандин кони ашёи минералии маълум баҳо дода, дар водии Консой зуҳуроти сурбу нуқраро кашф намуд. Дар натиҷаи таҳқиқоти геологии ин давра заминшиносӣ Д. Романовский ва И. В. Мушкетов соли 1881 «Нақшаи геологии кишвари Туркистон»-ро тартиб доданд ва асари классикии И. В. Мушкетов «Туркистон — сохти геологӣ ва тасвири орографӣ» нашр шуд. Таҳқиқоти геологии Д. Л. Иванов дар Помир (1886), стратиграфии Я. С. Эделштейн дар Дарвоз (1907), асари В. Н. Вебер «Боигариҳои минералии Туркистон» ва «Нақшаи геологии Туркистон» (1925), ки В. Н. Вебер ва ҳамкоронаш тартиб дода буданд, барои омӯзиши ояндаи ин минтақа аҳаммияти бузург доштанд. Таҳқиқоти номбурда ва чанде дигар имкон доданд, ки пас аз Инқилоби Октябр Кумитаи геологияи ИҶШС аз рӯи нақшаи ҳукуматӣ ба омӯзиши захираҳои табиии Осиёи Миёна ва Тоҷикистон шурӯъ намояд. Соли 1926 асари Д. В. Наливкин «Очеркҳо оид ба геологияи Туркистон» ба нашр расид, ки дар он тамоми маълумоти то ин замон оид ба сохти геологии Осиёи Миёна ва Тоҷикистон мавҷуд ҷамъбаст карда шудааст. Соли 1927 М. С. Шветсов бори аввал фосфоритҳои Қаратоғро аз ҷиҳати илмӣ шарҳ дода, аҳаммияти омӯзиши онҳоро ба миён гузошт. Соли 1929 ҶШС Тоҷикистон ташкил шуд. Бо хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон омӯзиши маҷмӯии сарватҳои табиии зеризаминии ҷумҳурӣ оғоз гардид. Геологҳои намоёни Иттиҳоди Шӯравӣ Б. Н. Наследов, А. В. Королёв, К. Л. Пожаритский, Ф. И. Волфсон, И. В. Дюгаев, Г. Д. Ажгирей барои омӯзиши яке аз гӯшаҳои умедбахши кишвар — Қаряи Мазор ҷалб карда шуданд. Онҳо ба конҳои то он замон маълум баҳо дода, чандин майдони маъданҳои нав (Консой, Зарнисор, Қӯруқсой)-ро кафш карданд. Ҳамин тавр, то соли 1930 дар минтақаи Қаряи Мазор қариб 300 зуҳурот ва конҳои гуногунтаркиб ба қайд гирифта, захираи барои он замон бузурги маъданҳои сурбу руҳ (1500000 т) тасдиқ карда шуданд. То соли 1931 конҳои Такелӣ, Консой ба истифода супорида шуда, дар конҳои Табошар, Адрасмон, Тариэкан, Саримсахли, Кукурҷилга корҳои геологӣ — иктишофӣ оғоз ёфтанд. Агар дар соли 1930 дар тамоми Қаряи Мазор ҳамагӣ ду пармачоҳ амал мекард, соли 1932 миқдори пармачоҳҳои геологӣ ба беш аз 100 расида буданд. Дар омӯзиши заминшиносии Қаряи Мазори Тоҷикистон олимони маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ — акад.-ҳо А. Е. Ферсман, Д. И. Шербаков ва дигарон вобаста шуда буданд. А. Е. Ферсман 10 майи 1932 дар Маҷлиси Кумитаи ҳизбии Хуҷанд масъалаи ташкил намудани институти махсусро оид ба омӯзиши масъалаҳои заминшиносии Қаряи Мазор ба миён гузошт. Соли 1932 бо қарори Шӯрои Комиссарони халқи ИҶШС ва Раёсати АИ ИҶШС экспедитсияи комплексии Тоҷикистон (баъд экспедитсияи Тоҷику Помир ном гирифт) ташкил карда шуд. Дар ҳайати он экспедитсия беш аз 700 нафар корманд, аз ҷумла 297 корманди илмӣ, фаъолият мекарданд. Экспедитсияро яке аз олимони маъруф ва ходими давлатии шӯравӣ акад. Н. П. Горбунов сарварӣ менамуд. Дар ҳайати ин экспедитсия акад.-ҳо Д. В. Наливкин, Г. П. Горшков, геологҳои номӣ А. П. Марковский, А.П. Недзветский, П.А. Панкратов ва дигарон кор мекарданд. Дар қатори омӯзиши масъалаҳои қувваҳои истеҳсолии Тоҷикистон, дар назди экспедитсия масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ гузошта шуда буд. 4 феврали 1933 Қарори Шӯрои Комиссарони халқи ИҶШС «Дар бораи экспедитсияи Тоҷику Помир» ба тасвиб расид, ки аз таваҷҷуҳи Давлати Шӯравӣ ба ин масъала шаҳодат медод. Дар натиҷаи кори ин экспедитсия дар муддати кӯтоҳ чандин кони тило, флюорити оптикӣ, қалъагӣ, сурбу руҳ, филиззоти нодир, маъданҳои радиоактив, ангиштсанг, нафту газ, обҳои гарму минералӣ, сангҳои гаронбаҳо кашф карда шуданд. Харитаҳои гуногунмиқёсу гуногунмазмун, садҳо ҷилд асарҳои ба заминшиносии Тоҷикистон бахшидашуда нашр гардиданд, муҳимтарин масъалаҳои стратиграфия, тектоника, вулканология, металлогения ҳалли худро ёфтанд. Соли 1931 истихроҷи кони полиметаллии Консой сар шуд, баъдтар Комб. Такелий ба кор даромада, конҳои полиметаллии Хунуксой, Торикон ва ғ. барои истифода омода карда шуданд. Соли 1935 дар кони Табошар корхонаи коркарди уран (3-ди «В») ба кор шурӯъ кард. Соли 1943 дар заминаи он сохтмони Комб. № 6 дар ш. Чкалов оғоз шуд, ки он то охири ҶБВ (1941-45) маҳсулоти аввалини худро баровард. «Харитаи геологии қисми шарқии Осиёи Миёна», ки соли 1937 А. П. Марковский, П. К. Лихачёв ва дигарон тартиб доданд, асарҳои Б. Н. Наследов оид ба заминшиносии Қаряи Мазор ва даҳҳо ҷилд асарҳои ба заминшиносии Тоҷикистон бахшидаи аъзои эспедитсияи Тоҷику Помир аз ҷумлаи корҳои шоёни ин давра буданд. Дар рафти таҳқиқоти геологии ин давра як зумра мутахассисони бомаҳорат ба камол расиданд ва барои ташкил кардани аввалин муассисаҳои геологӣ дар Тоҷикистон имкон муҳайё шуд. Соли 1938 тамоми қувваҳои истеҳсолию илмии заминшиносии ҷумҳурӣ муттаҳид ва Сарраёсати геологияи Тоҷикистон (ҳоло Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ташкил карда шуд, ки вазифаи идома додани омӯзиши ҳаматарафаи заминшиносии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС, ки соли 1932 ташкил шуда буд бахш (сектор)-и геология дошт, ки дар заминаи он соли 1941 Филиали АИ ИҶШС ва дар ҳайати он Институти геологияи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ин давра бо заҳмату кӯшиши як зумра мутахассисони болаёқат ва ташкилкунандагони истеҳсолот С. Б. Эргашев, М. Ҳ. Ҳомидов, С.М.Юсуфова, Р.Б.Баротов, М. Р. Ҷалилов, А. И. Грабченко, Д. З. Гечечеладзе, А. М. Бакланов, К. А. Барсуков, В. И. Верхов, А. В. Степаненко, С. Я. Сушенсова, В. А. Автономов, В. И. Зуев, Ю. А. Дяков, А. Б. Зайнуков, В. В. Шишкин, А. О. Орифов, М. Ҷ. Ҷанобилов, О. К. Чедия, С. М. Бобохоҷаев, А. И. Лаврусевич, М. Ҳ. Ишонов, М. Х. Халилов, Ҳ. М. Юсуфов, А. Р. Файзиев, В. Ҷ. Дӯстматов, Т. Ш. Шарифбоев, И. С. Қосимов, Э. З. Тоҳиров, М. Т. Тоҷикебов, А. С. Ниёзов, Ю. М. Мамадҷонов, З. Ё. Ёров, Б. Холмуродов, У. Олимов, М. Б. Акрамов, Ғ. Т. Тоҷибеков, Ш. Бахтибеков, З. С. Худойбердиев, Н. М. Чуршина, А. А. Кашин, Ҳ. Розиқов, М. Ю. Абдуллоев, Ҷ. Ҷ. Бузруков, М. М. Мамадвафоев ва дигарон бисёр корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Кормандони экспедитсияҳои Саридораи геология ва дигар муассисаҳои геологияи Тоҷикистон зиёда аз 600 кони дорои беш аз 50 намуди ашёи минералиро кашф намуданд. Ташкил ёфтани УДТ (ҳоло ДМТ) ва факултаи геологияи он барои тарбияи мутахассисони соҳаи заминшиносӣ дар ҷумҳурӣ аҳаммияти бузург дошт. Устодон ва шогирдони ин донишгоҳ дар омӯхтани сохти геологии Тоҷикистон, кашфи бисёр конҳои ашёи минералии фоиданок саҳм гузоштанд. Дар даврони шӯравӣ қариб дар ҳамаи соҳаҳои илми заминшиносӣ — магматизм, заминшиносии конҳои ашёи фоиданоки минералӣ, стратиграфия, палеонтология, литология, минералогия, геокимиё, тектоника, ҳидрогеология, заминшиносии муҳандисӣ, геоморфология, заминшиносии нафту газ таҳқиқоти илмӣ оғоз шуда, дар ҷараёни ин корҳо мутахассисони баландихтисоси миллӣ ба камол расиданд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ба ҳам пайвасти илми заминшиносии шӯравӣ низ, ки аз рӯи нақшаи ягона фаъолият менамуд, ба душвориҳои ҷиддӣ дучор шуд, аксарияти мутахассисони соҳаи заминшиносӣ Тоҷикистонро тарк намуданд, фаъолияти бисёр муассисаҳои соҳаи заминшиносӣ қатъ гардид.
Дар солҳои истиқлол корҳои геологӣ — иктишофӣ дар ҷумҳурӣ аз нав эҳё гардида, робитаҳои кории геологҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ густариш ёфт. Бо ҳамкории ширкатҳои Хитой дар ноҳияи Панҷакент конҳои тилои Таррор ва Ҷилав, дар ноҳияи Ашт кони сурбу руҳи Зарнисор (собиқ Олтинтопкан), бо ширкати Қазоқистон кони сурбу руҳи Адрасмон, бо ширкати амрикоӣ кони симобу сурмаи Ҷиҷикрӯд ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар минтақаи Кӯлоб конҳои газ иктишоф ва ба истифода дода шуданд. Истихроҷи ангишт дар конҳои Назарайлоқ (ноҳияи Рашт), Шӯроб (Исфара), Фон-Яғноб (ноҳияи Айнӣ), Зиддӣ, Киштуд, Заврон, Моғиён, Миёнаду, Рағнов, конҳои мармари Тилогули Панҷакент, Даштаки Дарвоз, Харангон ва даҳҳо кони масолеҳи сохтмон ташкил карда шуд. Иктишофи кони газ дар Тошқутани ноҳияи Шаҳринав (бо ширкати «Газпром»-и Русия), кони тилои Покруд (Ромит), кони қалъагии Мушистон (Панҷакент), истихроҷи конҳои хурди тило дар Қаряи Мазор (корхонаи «Апрелевка») идома дорад. Фаъолияти озмоишгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор гардида, бо ёрии Созмони заминшиносӣ ва инкишофи маъдани ҶИЭ дар Маркази миллии додаҳои илмҳои заминшиносии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии харитаҳову ахбори геологӣ, ҳисобу китоби захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок тавассути барномаҳои навини компютерӣ ташкил карда шудааст. Нашри китобу маҷаллаҳо оид ба соҳаи заминшиносӣ сол аз сол зиёд мегардад. Имрӯз дар Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаҳои заминшиносӣ мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаҳои геологияи ДМТ ва донишгоҳҳои дигар, чандин экспедитсияи геологӣ машғуланд. Маҷаллаи махсус бо номи «Ахбори Академияи илмҳои геология» ва газетаи «Ганҷ» (нашрияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) мунтазам нашр мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абу-р-райхан Мухаммед ибн Ахмед Ал-Беруни. Собрание сведений для познания драгоценностей (Минералогия). М., 1963;
- Страхов Н. М. Развитие литогенетических идей в России и СССР. М., 1971;
- Абурайҳони Берунӣ. Китобу-т-тафҳим ли авоили-с-саноати-т-танҷим. Д., 1973;
- Орифов О.,Ҷанобилов М. Геология на службе Родины и народа. Д., 1998;
- Ҷанобилов М. Бунёди заминшиносӣ. Д., 2013;
Сарчашма
вироиш- Геология / М. Ҷанобилов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.