Насим Раҷаб
Насим Раҷаб — нависанда, Узви Иттифоқҳои нависандагон (1990) ва журналистони Тоҷикистон (1972). «Аълочии маорифи СССР» (1985), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1974), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (1990), «Аълочии матбуот» (2005).
Насим Пирмуҳаммадович Раҷабов | |
| |
Таърихи таваллуд: | 8 август 1935 (89 сол) |
Зодгоҳ: | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Жанр: | ҳикоя, қисса |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | медали «Хидмати шоиста», «Барои меҳнати шоён», «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И.Ленин», нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишНасим Раҷаб 8 августи соли 1935 дар гузари Мирзопӯлоди шаҳри Самарқанд дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро (1960) ба итмом расондааст. Баъдан озими Душанбе шуда, дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») ба кор пардохтааст ва панҷоҳ сол аст, ки дар ҳамин даргоҳ содиқона хидмат мекунад. Ба шарофати хидмат дар "Пионери Тоҷикистон" (ҳоло рӯзномаи «Анбоз») саросари ҷумҳуриро тай карда, олами пиндору рафтори хурдсолон ва назокату асолати пешаи омӯзгорро омӯхтааст ва бо таҷрибаи кофӣ ба эҷоди асарҳои бадеӣ рӯй овардааст. Аз ҳаёти мактабу маориф мақолаю очеркҳои зиёде навиштааст. Ҳикояҳояш дар авроқи маҷаллаву рӯзнома ва китобҳои дарсию баёзҳо ба табъ расидаанд.[1]
Эҷодиёт
вироишНахустин қиссаи ӯ «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд» (1987) аз ҳаёту маънавиёти наврасон ҳикоя мекунад. Силсилаи қиссаҳояш «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Муждае, ки интизораш набуд», «Ишқи духтари яҳудӣ» ва монанди инҳоро бачагону наврасони кишвар хуш пазируфтаанд. Муаллифи қариб 100 қиссаву ҳикоя ва драмаву очеркҳои бадеӣ, аз ҷумла драмаи «Ниқор», «Марги оҳанпорағундориатон» (1970), «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд» (1987), «Фара, Фира, Зара» (1990), «Хонае, ки сӯяш мешитобам», ки аз ҷониби Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасони Иттифокҳои нависандагони Тоҷикистон ба дарёфти Мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ пешбарӣ гардида буд (1993), қиссаи «Вақте ки театр мегирист» (1993), «Ишқи духтари яҳудӣ» (1995), «Муждае, ки интизораш набуд» (1996) ва ғ. Асарҳои адибони рус ва ҷаҳон, аз ҷумла «Муму»-и С. Тургенев, «Баргҳои хазон»-и Зайниддин Дӯстматов ва ғ. аз русӣ ва ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ гардонидааст. «Асарҳои мунтахаб»-и ӯ, ки нуҳ қиссаи беҳтарини муаллифро дар бар мегирад, аз муҳимтарин падидаҳои адабиёти кӯдакону наврасони тоҷик дар солҳои охир ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, муаллифи драмаҳои якпардагии «Ниқор»-у «Марги оҳанпорағундориатон!» мебошад. Баргузидаи қиссаю ҳикоёти И.С. Тургенев, Ю.Сотник, Н.Носов, А.Алексин, М. Гумилевская, З.Дӯстматов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[1]
Намунаи осор
вироишҲикояву қиссаҳои нахустини худро дар маҷмӯаҳои дастҷамъии:
- «Шӯълаи гулхан» (1967),
- «Доимо тайёр!» (1972),
- «Чашмасор» (1990) ва ғ. гирд овардааст.
- Асарҳои мунтахаби Насим Раҷаб.ҷилдҳои 1 ва 2. - Душанбе,«Афсона», 2004, ҷилдҳои 3 ва 4, - Душанбе,«Афсона»,2010;
- Даргаҳи меҳру вафо. - Душанбе,«Афсона»,2011;
- Марвориди эрондухт. - Душанбе,«Адиб»,2006;
- Асрори боғи бобом. - Душанбе,«Адиб»,2011;
- Ҳуқуқи худро бишнос. - Душанбе,«Адиб»,2012;
- Худо соддаҳоро дӯст медорад. - Душанбе,«Адиб»,2012;
- Ман зебоям. - Душанбе,2006 ва диг.[2]
Дар бораи эҷодиёти Насим Раҷаб ҳамсари ӯ, нависанда Сафияи Носир дар китоби - Минбари Насим. - Душанбе:Шарқи озод, 2005, - 62 с. навиштааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- медалҳои «Хидмати шоиста» (2006),
- «Барои меҳнати шоён».
- «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И.Ленин»
- «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1974),
- «Аълочии маорифи СССР» (1985),
- «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ( 1990),
- «Аълочии матбуот» (2005),
- Дорандаи нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010),
- Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2013)
- Ифтихорномаҳои соҳавию давлати сарфароз гардонида шудааст.
Адабиёт дар бораи Насим Раҷаб
вироиш- Сафияи Носир. Минбари Насим. - Душанбе:Шарқи озод, 2005, - 62 с.
Сарчашма
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе:«Адиб»,2014, – С. 199. ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ http://www.kdbj-mirshakar.tj/images/PDF/hikoyatho.pdf Ҳикояҳо аз ҳаёти адибон. - Душанбе:Маориф ва фарҳанг, 2011, 208 с.
Эзоҳ
вироиш- СОҲИБОНИ ҶОИЗАҲОИ АЙНИВУ ТУРСУНЗОДА МУАЙЯН ШУДАНД khovar.tj Бойгонӣ шудааст 19 августи 2013 сол.
- В Таджикистане объявлены лауреаты ҷоизаҳо имени Айни и Турсунзаде news.tj Бойгонӣ шудааст 10 августи 2014 сол.