Насруллоҳи Асадулло
Насруллоҳи Асадулло - рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988)
Насруллоҳи Асадулло | |
Таърихи таваллуд: | 14 август 1956 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Исфара ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 1996 |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, рӯзноманигор |
Самт: | реализм |
Жанр: | ҳикоя |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишНасруллоҳи Асадулло 14 августи соли 1951 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан корманди рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Комсомольская правда», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Литературная газета» ва Ҳукумати ҷумҳурӣ будааст. Насруллоҳи Асадулло соли 1995 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
вироишМуаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Имтиҳон» (Маскав, 1980), «Санҷиш» (Олмон, 1982), «Дӯстон барои чӣ лозим?» (1986), «Овози шинос» (1988) ва ғ. мебошад. Мақолаву очеркҳои публитсистиаш борҳо ба табъ расидаанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 42 ISBN 978-99947-2-379-9