Насрулло Тӯйчизода

омӯзгори фалсафа, фалсафаи илмҳои фалсафа (2019)

Насрулло Тӯйчизода (тав.17.02.1988, д. Шаҳринав, н. Ашти вилояти Суғд), омӯзгори фалсафа, фалсафаи илмҳои фалсафа (2019). Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Насрулло Тӯйчизода
Насрулло Тӯйчизода
Насрулло Тӯйчизода
Таърихи таваллуд 17 феврал 1988(1988-02-17) (36 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Фалсафа, Туризм ва меҳмондорӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои фалсафа,

Магистри ихтисоси туризм ва меҳмондорӣ
Алма-матер
Ҷоизаҳо Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Насрулло Тӯйчизода хатмкардаи факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (2010) ва дорои дараҷаи илмии магистрӣ дар бахши Сиёсати Ҳамкории байналмилалӣ Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан бо ихтисоси туризм ва меҳмондорӣ (2024) Ҷопон мебошад[1]. Соли 2019 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Телевидение как вид экранной культуры и его роль в трансформирующемся обществе(на примере таджикского телевидения)» таҳти роҳбарии д.и.ф. Саъдулло Раҳмов, ҳимоя намуд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, фаъолияти журналистии худро дар нашрияҳои “Лочин», “Чархи гардун» ва маҷаллаи илмӣ-оммавии “Илм ва ҳаёт» идома додааст.

Соли 2011 пас аз ғолибият дар барномаи табодули фарҳангии “Open 725 World» ба Иёлати Калифорнияи ИМА сафар намуда, таҷрибаомӯзӣ намудааст. Инчунин, иштирокчии “Мактаби файласуфони ҷавон»-и Академияи улуми Россия дар шаҳри Москва мебошад. Мақолаҳои илмияш дар маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Россия ва Казоқистон нашр шудааст. Ба нишонҳои соҳавии Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мушарраф шудааст. Аз соли 2019 ба ҳайси муаллими калон дар кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи маҷмӯаи ашъори бачагона «Таронаи чашмасор» Хуҷанд, 2000; «Қиссаи оҳуча». Хуҷанд, 2002 ва маҷмӯаи мақолаҳои солҳои мухталиф дар нашриёти даврӣ ба табъ расида бо номи «Дунёи соҳибдилон». Душанбе,2020 мебошад.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

  1. Сарчашмаи маълумот: Насрулло Тӯйчизода