Нахлиҳо (лот. Arecáceae, Pálmae, Palmáceae) — оилаи рустаниҳои дарахтмонанди якпаллагӣ.

Нахлиҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Arecaceae
Bercht. & J.Presl (1820), nom. cons.
Зероилаҳо

Густариш

вироиш

240 ҷинси нахлиҳо, ки қариб 3400 намудро дарбар мегирад, асо­сан дар тропика ва субтропика паҳн шудааст. Бисьёр намудҳои нахлиҳо дар Осиё (Индонезия), Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ, фақат 1 намуди онҳо (Chamac rops) дар Аврупо (Ис­пания, Фаронсаи Ҷанубӣ) мерӯянд.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Нахлиҳо аксаран шох намеронанд. Қадашон то 60 метр ва қутрашон то 1 метр мешавад. Барги пайдарпаи паршакл (дарозиаш то 15 метр) ё панҷа-панҷа доранд; Дар 5—12 баъзан 30—50- умин соли ҳаёташон гул карда, мева медиҳанд. Нахлиҳо асосан рустании якхонагӣ буда, гулҳои якҷинса (баъзан дуҷинса)-и майдаи 3-узва ва ғуҷуммева ё донакмева доранд.

Корбурд

вироиш

Нахлиҳо аҳамияти калони иқтисодӣ до­рад. Меваи аксари нахлиҳо (масалан, хурмо­бун) чун хӯрок истифода мешавад (ниг. Рафия).

Аз меваи хоми норҷил шири кокос мегиранд. Аз меваи пӯсташ тоза кардашуда равған ва маргарин ҳосил мекунапд. Аp пояи нахлиҳо нах мегиранд.

Парвариш

вироиш

Нахлиҳоро дар соҳилҳои ҷанубии Қрим ва соҳилҳои баҳри Сиёҳи Кавказ, қисми ғарбии Туркманистон ва ғайра парвариш мекунанд. Нахлиҳоро аз тухм, фарғуч, навдаи решагирифта зиёд мекунанд. Дар Тоҷикистон нахлиҳо рас­тании таҳҷоӣ набуда, фақат баъзе намудашон чун рустании ороишӣ парвариш карда мешаванд.

  1. Об условности указания класса однодольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Однодольные».

Адабиёт

вироиш
  • Деревья и кустарники СССР, том 2, Москва— Ленинград, 1951;
  • Сааков С. Г., Пальмы и их культура в СССР, Москва—Ленинград, 1954;
  • Синягип И. И., Тропическое земледе­лие, Москва, 1968.

Сарчашма

вироиш