Аввал

(Тағйири масир аз Нахуст)

Аввал (арабӣ: اول – нахуст, якум [1])

Аввал (арабӣ: اول) — дар фалсафаи ирфонӣ истилоҳест, ки мартабаи лотаайюни (ғайри мушаххас) ҳақро ифода намуда, ба зоти маҳзи офаридгор ишора мекунад. Дар ин мартаба вуҷуди ҳақ аз ҳар гуна изофат муназзаҳ ва аз ҳар қайду шарт озод аст. Ин мартабаи ҳақро мартабаи аҳадият меноманд. Баъди аввал мартабаҳои таайюни (мушаххас ва муайян) аввал, таайюни сонӣ, арвоҳ, олами мисол ва олами аҷсом меоянд.

  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 33 ISBN 978-99947-69-39-1

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш