Нақшаи сохтумони нақби (тоннели Анзоб) автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе - Хуҷанд) дар даврони шӯравӣ кашида шуда буд. Солҳои 1982 – 1991 ҳамагӣ 317 метри нақб канда шуда буд.

Роҳи автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе - Хуҷанд) дар масофаи 80 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3372 метр ноҳияқои Варзоб ва Айнӣ мепайвандад ва дар қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст. Мушкилии фасли зимистон намегузошт, ки (5 - 6 моҳ ағбаи Анзоб пушида буд) мусофирон ба воситаи ин роҳ рафту омад намоянд. Дарозии нақб — 5040 м

Сохтмони нақби «Истиқлол» (собиқ тоннели Анзоб) соли 1998 бо кӯмаки молиявии Эрон сар шуда буд.

Дарозии нақби «Истиқлол» (собиқ тоннели Анзоб) 5040 метрро ташкил медиҳад.[1] Сохтмони он аз ду ҷониб - шимол ва ҷануб сар шуда дар арафаи иди Наврӯз марти соли 2006 ба охир расидааст. Соли 2003 Эрон ва Тоҷикистон дар бораи сохтмони нақби «Истиклол» созишнома ба имзо расониданд. Ҳаҷми маблағгузорӣ - $39 млн. аз ҷумла $10 млн. - ёрдами гранти Эрон, $7,8 млн. - маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи (кӯмаки молиявӣ) Эрон.[2]. Ифтитоҳи расмии кушодашавии нақби «Истиклол» 26 июл и 2006 баргузор гардид [3]. Нақби (тоннели Анзоб) «Истиқлол» имконият фороҳам овард, ки равобити байни вилояти Суғд ба воситаи Роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ бо ноҳияҳои марказу ҷануби Тоҷикистон соли дароз таъмин карда шавад.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш