Нақби Истиқлол, нақби Анзоб — туннели автомобилгард дар роҳи байни Душанбеву Хуҷанд, ки беш аз 5 километр дарозӣ дорад, дар 80 километрии шимоли Душанбе ҷойгир аст.

Нақби Истиқлол
Нигора
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нақби Истиқлол дар соли 2015

Сохтмон

вироиш

Нақшаи сохтмони нақби автомобилгарди ағбаи Анзоб дар даврони шӯравӣ кашида шуда буд. Солҳои 1982—1991 ҳамагӣ 317 метри нақб канда шуд.

Роҳи автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе — Хуҷанд) дар масофаи 80 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3372 метр ноҳияқои Варзоб ва Айнӣ мепайвандад ва дар қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст. Мушкилии фасли зимистон намегузошт, ки (5 — 6 моҳ ағбаи Анзоб пушида буд) мусофирон ба воситаи ин роҳ рафту омад намоянд. Дарозии нақб — 5040 м

Таърих

вироиш

Сохтмони нақби «Истиқлол» (собиқ туннели Анзоб) соли 1998 бо кумаки молиявии Эрон сар шуд. Дарозии нақби «Истиқлол» 5040 метрро ташкил медиҳад.[1] Сохтмони он аз ду ҷониб — шимол ва ҷануб сар шуда дар арафаи иди Наврӯз марти соли 2006 ба охир расидааст. Соли 2003 Эрон ва Тоҷикистон дар бораи сохтмони нақби «Истиклол» созишнома ба имзо расониданд.

Ҳаҷми маблағгузорӣ — $39 млн. аз ҷумла $10 млн. — ёрдами гранти Эрон, $7,8 млн. — маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. — қарзи (кӯмаки молиявӣ) Эрон.[2].
Ифтитоҳи расмии кушодашавии нақби «Истиқлол» 26 июли соли 2006 баргузор гардид[3].

Нақби «Истиқлол» имконият фароҳам овард, ки равобити байни вилояти Суғд ба воситаи Роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ бо ноҳияҳои марказу ҷануби Тоҷикистон соли дароз таъмин карда шавад.

Нигаред низ

вироиш