Нақби автомобилгарди "Хатлон" (собиқ Нақби Чормағзак) — дар роҳи автомобилгарди ДушанбеВаҳдат - Данғара, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Нақби Хатлон,қариб 4,5 км дарозӣ дорад.

Ин нақб бо роҳҳои аз шимолу ҷануб ба он пайвастшаванда бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ бо сифати баланди сатҳи байналмилалӣ бунёд ёфтааст. Дар якҷоягӣ бо роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бошад, ки қитъае аз шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Кулма - сарҳади Чин мебошад, дар маҷмӯъ 630 миллион сомонӣ масраф шудааст. Акнун масофаи шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара - Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шуд. Сохтумони нақбро – ширкати «ChainaRoad» (Чин) ба уҳда гирифта ба анҷом расондааст.[1]

Номгузории нав

вироиш

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақби «Чормағзак», ки моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ гардида буд, ба Нақби «Хатлон» тағйири ном кардааст. Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 млн. доллари ИМА 15 марти соли 2010 оғоз гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара татбиқ карда шуд. Пас аз ба истифода додани ин нақб масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Бохтар-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.[2]