Нақси дил
Нақси дил — тағйироти патологии сохти дил, ки боиси вайрон шудани функсияи он мегардад. Нақси дил дар натиҷаи инкишофи нодурусти модарзодӣ ва баъди таваллуд cap задани бемориҳои дил пайдо мешавад.
Нақси дил |
---|
eMedicine | / |
---|
Нақси модарзодии дил
вироишНақси модарзодии дил (тағйир ёфтани шакли клапанҳои дил, нуқсони рагҳои калон ё девораи байни қисмҳои дил) ҳангоми инкишофи дохилибатнии ҷанин дар натиҷаи заҳролудшавӣ ва баъзе бемориҳои организми модар (масалан, сурхакон), таъсири шуоҳои ионизонанда ё ҳангоми гипоксияи музмини ҷанин рӯй медиҳад. Як қисми нақси модарзодии дил бемории ирсӣ мебошад. Сабабҳои асосии ба вучуд омадани нақси ғайримодарзодии дил, ревмокардит, уфунат, сифилис, атеросклероз, ҷароҳат ва ғайра мебошанд. Вайрон шудани сохти клапанҳои дил ҳангоми нақси ғайримодарзодии дил боиси ихтилоли гемодинамика (гардиши хун дар рагҳо) мегардад. Ба нақси дил одатан ҷавонону миёнсолон бештар гирифтор мешаванд.
Нақси дил компенсатсияшуда (муътадилгашта) ва компенсатсиянашуда (муътадилнагашта) мешавад. Дар вақти нақси дили компенсатсияшуда дил ба шароитҳои нави кор мувофиқ буда, кори вазнинро иҷро карда метавонад, бинобар ин аломатҳои беморӣ зоҳир намегарданд. Ҳангоми нақси дили компенсатсиянашуда дар қисмҳои дил хун шах мешавад ва ин ҳолат минбаъд ба тамоми организм (узву бофтаҳо ва сатҳи бадан) паҳн мешавад. Дар натиҷа ранги пӯсти бадан кабудтобу (сианоз) нафаскашӣ душвор мегардад сатҳи бадан вараму дил бозӣ мекунад ва фаъолияти кориаш суст мешавад.
Муолиҷа
вироишҲангоми нақси дили компенсатсияшуда бистарӣ кардани бемор, парҳез, истеъмоли витаминҳо, доруҳои дил ва пешоброн, инчунин ҷарроҳӣ; ҳангоми нақси дили компенсатсиянашуда бошад курорт, истеъмоли василаҳои муқаввӣ.
Пешгирӣ
вироишОбутоб додани организм, варзиши шифоӣ, режими мунтазами меҳнату истироҳат ва ғайра.