Наҷмуддин Муҳаммади Ровандӣ

Наҷмуддин Муҳаммад Абубакри Ровандӣ (форсӣ: نجم‌الدین ابوبکر محمد بن علی بن سلیمان بن محمد الراوندی‎; 1155 ё асри XII1207) — таърихнигор, шоир, хаттот ва нависандаи форс-тоҷики даврони Салҷуқиён.

Наҷмуддин Муҳаммади Ровандӣ
ар. نجم الدين أبو بكر محمد بن علي بن سليمان الرّاوندي
Таърихи таваллуд: 1155 ё асри XII
Таърихи даргузашт: 1207
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис, шоир, муаррих
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Исфаҳон илмҳои замонашро омӯхт. Дар замони салтанати Туғрал ибни Арслон ба дарбори Салҷуқиён даъват шуд. Баъдтар ба Ҳамадон омада, ба хаттотӣ пардохт. Баъди кушта шудани Туғрал ва инқирози давлати Салҷуқиён Ровандӣ ба Ироқ ва аз он ҷо ба Осиёи Сағир сафар кард.

Асари ҳаҷман бузурги ӯ «Роҳату-с-судур ва ояту-с-сурур» мебошад, ки аз таърихи хонадони Салҷуқӣ баҳс мекунад. Деҳхудо дар «Луғатнома» намунаи ашъори ӯро овардааст. Ҳамчунин ӯ қайд кардааст, ки Ровандӣ рисолае бо номи «Усули хат» дорад. Дар он 70 намуди хатро нишон додааст.

Адабиёт

вироиш
  • Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур / М. Ҳазратқулов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).