Неругоҳи барқи обии Роғун

(Тағйири масир аз Нерӯгоҳи обии Роғун)

Неругоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун) — нерӯгоҳи барқи обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш дар дарёи Вахш давом ёфта истодааст.

Неругоҳи барқи обии Роғун
Кишвар  Тоҷикистон
Дарё Вахш
Силсиланерӯгоҳ Вахш
Молик ҶСП «НБО Роғун»
Вазъ сохтмон рафтаистодааст
Соли оғози сохтмон 1976
Соли бакордарории агрегатҳо соли 2018 ва баъдтар
Мушаххасоти асосӣ
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с 17 млрд кВт⋅с.[1][2][3]
Навъи нерӯгоҳи барқӣ саддӣ
Тавоноии барқӣ, МВт 3600
Тавсифоти таҷҳизот
Навъи турбина радиально-осевые
Хароҷот ба воситаи трубинаҳо, м³/с
Шумора ва маркаи генераторҳо
Тавоноии генераторҳо, МВт 6×600
Иншооти асосӣ
Баландии сарбанд, м 335
Шлюз надорад
Дар харита
НБО Роғун (Тоҷикистон)
Нуқтаи сурх
НБО Роғун
 Парвандаҳо дар Викианбор

Рӯзи ифтитоҳи агрегати дуюми НБО Роғун
НБО Роғун

Таърих

вироиш

Сохтмони неругоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин — Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.[2][3][4][5]

Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерўгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО Роғун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун, 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ сарф хоҳад шуд. Дар охири соли 2018 дар назар аст, се агрегати НБО Роғун ба истифода супорида шаванд, менависад Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ — СА-NEWS[6] Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони неругоҳи «Роғун» дар давраи истиқлол зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.

 
Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2016
 
Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2019

Монеаҳои сохтмон

вироиш

Барои давом додани сохтмони НБО Роғун ҷумҳуриҳои поёноби Амударё Ӯзбекистон ва Туркманистон зиддият нишон медиҳанд. Сабаби норозигии роҳбарияти ин ҷумҳуриҳо ва махсусан Ӯзбекистон ин хатари руй додани зилзилаҳо дар атрофи сарбанди (баланди — 335 метр) НБО Роғун ва кам гардидани резиши миёнаи оби Амударё аст, ки ба обёрӣ намудани заминҳои давлатҳои поёноб оварда мерасонад. Барои санҷидани зарари экологии НБО Роғун ва обанбори он, ҳамин давлатҳо ба СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО Роғун ва обанбори он тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуданд ва барои муҳити атроф ва экологияи минтақа безарар дониста шуданд.

Бунёди сарбанд

вироиш

Дар таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид.[4]

Ба кор даровардани чархаи якуми НБО Роғун

вироиш

16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Сипас ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшиданд. Корҳои васлгарии таҷҳизоти Дастгоҳи маҷмӯии пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ “КРУЭ” ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ нерӯи барқи дар НБО Роғун истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад. Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.[7][8] Гидроагрегати якуми неругоҳ баъд аз навсозӣ 24 октябри соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд ва ҳоло бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.[9]

Ба кор даровардани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

вироиш

9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.[10]

Оғози навсозӣ шудани чархаи якуми НБО Роғун

вироиш

Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад. Агрегати навсозшуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари неругоҳ, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосии неругоҳ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ неругоҳи Норак тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт.

То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати неругоҳ ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт) ба дастгоҳи тақсимоти пушидаи элегазӣ иваз карда шуд ва анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонидааст. Дарбанди куравӣ қисми асосии гидроагрегат ба ҳисоб рафта, ҳангоми кушодани он об вориди камераи спиралӣ мегардад ва ба воситаи чарха гидроагрегат ба даврзанӣ медарояд.[11]

Ишоотҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон

вироиш

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», Помир – 1, неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар неругоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран - 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.[12]

20 январи соли 2020 Оҷонсии иттилоотии Sputnik Бойгонӣ шудааст 8 Декабри 2019  сол. гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.[13]

  1. Министерство энергетики и водных ресурсов республики Таджикистан
  2. 2.0 2.1 17 млрд киловаттов в год: Рогунская ГЭС – самая мощная в Центральной Азии
  3. 3.0 3.1 «Храм света нации»: старт Рогунской ГЭС дан
  4. 4.0 4.1 Оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун(тоҷ.). president.tj (29 октябри 2016). 27 Декабри 2018 санҷида шуд.
  5. Рогун заработает уже осенью. Но остаются вопросы и возникают новые, "Вестник Кавказа", 11 июля 2018 года.
  6. http://ca-news.org/news:1385218 Таджикистан в 2018 году намерен запустить три агрегата Рогунской НБО
  7. Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”(тоҷ.). president.tj (16 ноябри 2018). 27 Декабри 2018 санҷида шуд.
  8. Эмомали Рахмон запустил первый гидроагрегат Рогунской ГЭС(тоҷ.). fergananews.com (16 ноябри 2018). 27 Декабри 2018 санҷида шуд.
  9. Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии “Норак”(тоҷ.). president.tj (24 августи 2024). 24 августи 2024 санҷида шуд.
  10. Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»(тоҷ.). www.khovar.tj. 24 Декабри 2019 санҷида шуд.
  11. Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии “Норак”(тоҷ.). president.tj (24 августи 2024). 24 августи 2024 санҷида шуд.
  12. Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”(тоҷ.). president.tj (16 ноябри 2018). 27 Декабри 2018 санҷида шуд.
  13. Иҷозати хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко”: Ҳукумату парлумон пазируфтанд(тоҷ.). www.sputnik-tj.com. 22 Январ 2020 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш