Неъматҷон Файзуллоев

Неъматҷон Файзуллоев (25 марти 1952, Ленинобод) — адабиётшинос ва мунаққид, доктори илмҳои филологӣ (2006), профессор (2007), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010).

Неъматҷон Файзуллоев
Файзуллоев Неъматҷон
Таърихи таваллуд 25 март 1952(1952-03-25) (72 сол)
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Адабиётшинос
Ҷойҳои кор Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Дараҷаи илмӣ: Доктори илмҳои филологӣ,(2006)
Унвонҳои илмӣ профессор (2007)
Алма-матер Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров (1988-1993), (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010)

Зиндагинома

вироиш

Файзуллоев Неъматҷон 25-уми марти соли 1952 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ пас аз итмоми мактаби миёна (1969) ба факултаи таъриху филологияи ИДПЛ ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров) дохил шуда, онро соли 1973 бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 1973—1982 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Солҳои 1974—1975 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат намуда, солҳои 1977—1978 ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкийи АУ ИҶШС (Москва) фаъолият бурдааст. Файзуллоев Неъматҷон аз моҳи феврали соли 1982 дар ДДХ номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси омӯзгор фаъолият мебарад. Ӯ солҳои 1983—1993 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи факултаи таъриху филология, 1993—2000 муовини декани факултаи филологияи тоҷик оид ба қисми таълим, 2000—2008 декани факултети филологияи тоҷик, 2008—2015 мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Ҳоло ба сифати профессор-мушовири кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебарад.

Фаъолиятҳои илмӣ

вироиш

Файзуллоев Неъматҷон соли 1984 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъи «Нақши фолклор дар ташаккул ва инкишофи назми кӯдакони тоҷик» ва соли 2006 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъи «Назми кӯдаки адабиёти тоҷик дар садаи ХХ (масоили мавзӯъ, жанр ва услуб)» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, дар соҳаи адабиёти бачагонаи тоҷик доктори илм мебошад. Дар ин тадқиқот нақши устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ, Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Ғаффор Мирзо, Абдумалик Баҳорӣ, Наримон Бақозода, Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ ва дигар адибони маъруф дар ташаккул ва инкишофи адабиёти атфоли тоҷик дар заминаи мисолҳои мушаххас ва таҳлили амиқи эҷодиёти онҳо равшану возеҳ собит шудааст. Ӯ ҳамчунин аз нигоҳи арзишҳои ғоявию эстетикии даврони истиқлол ба масъалаи табақабандии таърихи адабиёти бачагон таҷдиди назар намуда, консепсияи нави даврабандии ин адабиётро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардааст, ки ба воқеияти реалӣ ва рушди табиии адабиёти мавриди назар комилан мувофиқат дорад.

Осори илмӣ

вироиш

Муаллифи беш аз 10 монографияву брошюра, зиёда аз 300 мақолаву тақриз оид ба масъалаҳои гуногуни адабиёт ва осори адибони ҳамзамон аст, ки рисолаҳои «Чашмаи файёз» (1999), «Шеъри атфол дар қарни XX» (2005), «Ҳамосаи кӯдакон» (2006), «Назми кӯдакон» (2010), «Моҳияти иҷтимоии санъати бадеӣ» (2011), «Адабиёти ИДМ» (2012), «Нахоҳам зист бе ёди шумо» (дар бораи маҷмӯаи ашъори М. Шералӣ), «Туҳфаи шоира» (дар бораи маҷмӯаи ашъори Гулрухсор), «Хоки пайвандӣ ва дили шоир» ва «Чашми дил» (дар бораи ду маҷмӯаи ашъори Қутбӣ Киром), «Қиссаи канори дарёча» (дар бораи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои Мутеулло Наҷмиддинов), «Шеъри даврони истиқлол ва ҳамоҳангии он бо назми кишварҳои ҳамзабон» ва ғ. аз ҳамин қабиланд[1].

Китобҳо (Монографияҳо)

вироиш
  • Феҳристи асарҳои С.Айнӣ ва адабиёт оид ба ӯ. — Душанбе: Дониш, 1978;
  • Чашмаи файёз. — Хуҷанд, 1999.-214 саҳ;
  • Шеъри атфол дар қарни ХХ. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2005.-236 саҳ;
  • Ҳамосаи кӯдакон. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2006.-144 саҳ;
  • Фольлор и детская поэзия.-Хуҷанд, 2007.-268 саҳ.
  • Детская литература и фольклор. -Худжанд.:Нури маърифат, 2007
  • Назми кӯдакон. — Хуҷанд, 2010.-664 саҳ.
  • Моҳияти иҷтимоии санъати бадеӣ. — Хуҷанд, 2001.-72 саҳ.
  • Чеҳраи тобони назм (Бо ҳамқаламӣ).-Хуҷанд, 2012.-172 саҳ.
  • Адабиёти халқҳои ИДМ.-Хуҷанд, 2012.-140 саҳ.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо

вироиш
  • Медали «Хидмати шоиста» (2013)
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2002)
  • Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010)
  • Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил (2015)
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими А. Сомонӣ ва М. Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 251 ISBN 978-99947-2-379-9

Пайвандҳо

вироиш