Нивелир (аз фр. niveler — «ба­робар намудан», «гузоштан дар сатҳ») — асбоби геодезиест барои нивелиронидан ва муайян намудани самтҳои гори­зонталӣ ҳангоми корхҳи монтажкунӣ. Бештар нивелирҳои оптики-механикӣ маъмул гаштаанд, ки дар онҳо фар­қи баландии ду нуқта тавассути шуои (хати) визирии горизонталӣ аз рӯи тахтачаҳои махсуси дар нуқтаҳои тадқиқшававда гузошташуда муайян карда мешавад. Қисмҳои асосии нивелир обтарозу (ватерпас) ва ғулбаи биниш мебошанд.

Нивелиронидани ҳандасӣ.

Тариқи нивелиронидан

вироиш

Ба комплекти асбоб тахтачаҳои невелиронӣ низ мансубанд. Нивелирҳои обтарозуашон ба ғулбаи биниш васлшуда ва нивелирҳои обтарозуашон ба кор­пус васлшуда мавҷуданд. Пеш аз истифода хати визириро бо ёрии обтарозу ба ҳолати горизонталӣ меоранд. Дар нивелирҳои хати визириашон худ аз худ созшаванда ин кор ба таври автоматӣ иҷро мешавад. Барои зуд ба «нуқтаи нулӣ» овардани ҳубобчаи обтарозу ва баланд бардоштани саҳеҳӣ нивелирҳоро бо винти элеватсионӣ таъмии мекунанд. Нивелирҳо аз рӯи дараҷоти дақиқашон фавқуддақиқ, дақиқ ва техникӣ мешаванд. Баъзан нивелирҳои ҳидростатикиро, ки дар онҳо хосияти зарфҳои марбут истифода шудаанд, низ кор мефармоянд.

Адабиёт

вироиш
  • Куштин И. Ф., Куштин В. И Инженерная геодезия.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш