Низомиддин Зоҳидов

Низомиддин Зоҳидов (8 июни соли 1957, ноҳияи Конибодом) — шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ (2004), профессор (2005). Аълочии маорифи ҶТ (2004).

Низомиддин Зоҳидов
Низомиддин Зоҳидов
Таърихи таваллуд 8 июн 1957(1957-06-08) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом

Зиндагинома вироиш

Факултаи шарқшиносии ДДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1979). Фаъолияти кориаш ба сифати тарчумони забони араби дар ш. Багдоди Ҷумхурии Ироқ огоз гардидааст (1979—1981). Соли 1981 дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Муҳаққиқ-коромузи шуъбаи ленинградии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС (1983—1984), аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон (1984—1987), корманди илмӣ (1988—1990), котиби илмии ҳамин Пажуҳишгоҳ (1990—1992), сарвари шуъбаи тадқиқоти филологии Маркази илмии Хуҷандии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1992—1997), ҷонишини директор (1998—1999), директори Маркази пажуҳиши тамаддуни давраи Сомониёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (1999—2000), ноибректор оид ба корҳои тарбия (2000—2001), ноибректор оид ба корҳои илм (с.2001-2010), ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (2010). Муовини вазири ВКХ ҶТ.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Дар таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабиёти арабизабони халқҳои эрони, равобити Арабу Аҷам ва таъриху фарҳанги аҳди Сомониён беш аз 100 мақола ва шаш рисолаи илмӣ таълиф кардааст, ки қисме аз онҳо дар Русия, Эрон ва кишварҳои дигар ба чоп расидаанд. Ӯ дар рисолаҳои хеш ва силсилаи мақолаҳояш офаридаҳои адибону шоирони арабизабони эронинажоди карнҳои нахусти исломро мавриди баррасӣ қарор дода, як қисми таркибии адабиёти форсу тоҷик будани онро ба субут расонидааст. Иштироккунандаи конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ дар Ленинград (1984), Теҳрон (1997,2005), Токио (2002), Маскав (2004), Коҳира (2006), Алмаато (2006). Барои китоби «Сомониён дар оинаи таърих» (бо хаммуаллиф) соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999) ва китоби «Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII—IX» соҳиби Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсахзод (2005) гардидааст.

Осор вироиш

  • Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII—IЧ вв. — Душанбе: Дониш, 1993;
  • Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён. — Хуҷанд: Ношир, 1999; Давраи арабизабони дар адабиёти форсии садаҳои 2-3 ҳичрии камари. — Техрон, 1380;
  • Насри арабизабони форсу тоҷик дар асрҳои VIII—IX. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2004 ва ғайра.

Пайвандҳо вироиш