Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибнӣ Исҳоқи Тусӣ (форсӣ: ابوعلی حسن پسر علی پسر اسحاق طوسی‎; 10 апрел 1018[1][2][3][…], Тус, Давлати Ғазнавиён[4]14 октябр 1092[5][6][7], Саҳна, Салҷуқиён), бештар маъруф ба номи Низомулмулк — вазири давлатдории Салҷуқиён, муаллифи асари «Сиёсатнома».

Низомулмулк
форсӣ: نظام‌الملک
1063 — 1092
Таваллуд 10 апрел 1018[1][2][3][…]
Даргузашт 14 октябр 1092(1092-10-14)[5][6][7] (74 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибнӣ Исҳоқи Тусӣ
Падар Ali ibn Ishak[d]
Фарзандон Фахрулмулк, Муайидулмулк, Ahmad Ibn Nizam al-Mulk[d] ва Shams al-Mulk Uthman[d]
Эътиқод суннӣ[8]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Абу Али ал-Ҳасан ибн Али ибн Исҳоқ ат-Тусӣ соли 1018 дар шаҳри Туси Эрон ба дунё омадааст. Низомулмулк (тахаллуси дарборӣ) дар замони ҳукуматдории султони Салҷуқӣ Алпарслон (ҳукумронӣ 10631072) вазири давлати Салҷуқиён шуда буд. Нақши вазир Низомулмулк (1063—1092) (Низомулмулки Тусӣ) баҳри шукуфоиву тараққии давлатдории Салҷуқиён ниҳоят бузург аст. Ӯ ба таҷрибаи хонадони Сомониён ва Ғазнавиён такя карда, империяи боазамати Салҷуқиёнро ба низоми муайян даровард. Худсариву саркашии сипоҳиёни туркман ва ашрофу рӯҳониёни тоҷикро низ то андозае пешгирӣ кард. Маҳз дар даврони вазорати ин вазири донишманд давлатдории Салҷуқиён ба дараҷаи баландтарини худ расид.

Саҳми Низомулмулк

вироиш

Низомулмулк бо ташкили мактабҳои диние, ки бо номи ӯ ба «Низомия» маъруф буданд, табақаи рӯҳониёни расмии ба давлат тобеъ бо эътиқоди аҳли суннатро тарбият намуда, бар муқобили ҳамагуна зуҳуроти иҷтимоӣ мубориза мебурд. Низомулмулк бо мазҳаби исмоилия — мухолифини сарсахти cалҷуқиён мубориза бурд ва аз ҷониби фидоиёни исмоилӣ ба қатл расонида шуд.[9] Низомулмулк 14 октябри соли 1092 дар Наҳованд (ҳоло дар Озарбойҷон) ба хок супорида шудааст.

Сиёсатнома, асари Низомулмулки Тӯсӣ cолҳои 1091—1092 навишта шудааст. Дар асари «Сиёсатнома»-и ӯ таърихи давлатдории мамолики исломӣ оварда шудааст.

Адабиёт

вироиш