Низорамоҳ Зарифова

Низорамоҳ Зарифова (Зарифова Низорамоҳ Одинаевна; зод. 6 ноябр 1923, Пушёни Поён, ноҳияи Восеъ) — ходими давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ.

Низорамоҳ Зарифова
январи 1984 — феврали 1984
Таваллуд 6 ноябр 1923(1923-11-06) (100 сол)
Ҳизб
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Низорамоҳ Зарифова 6 ноябри соли 1923 дар деҳаи Шехвесии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст[1]. Падараш Одина Махсум (1896—1928) дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон ба дунё омадааст. Ӯ шахси донишманд ва коргар буд. Модараш Шарифамоҳ зодаи деҳаи Шехвесӣ, ҳамчун бонуи ҳунарманд байни мардум маҳбубият дошт. Хонаводаи онҳо барвақт аз Ховалинг ба деҳаи Пушёни Поён кӯчиданд. Дар 6-солагии ӯ падараш дунё гузашт. Низорамоҳу бардодараш Абдулазизи 10-сола ва хоҳараш Рухсорамоҳи 6-моҳа дар тарбияи модараш Шарифамоҳ монданд. Баъдтар модараш ба Зариф ном сокини ҳамин деҳа хонадор шуда, аз онҳо Тоҷинисову Зебунисо ва Меҳринисо ба дунё омаданд. Дар тарбияи ин ӯ саҳми падарандараш Зариф бузург буд ва номи хонаводагиашро ҳам аз ӯ гирифт.

Низорамоҳ дар соли 1941 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб хатм кардааст. Ва аз соли 1946 узви ҲКИШ буд.

Корнома вироиш

Мудири шуъбаи кадрҳои Комиҷрояи Кӯлоб (1941—1945), мудири шуъбаи мактабҳои Комитети комсомолии вилояти Кӯлоб (1945—1947), мудири шуъбаи занони Комитети ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947—1952). Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро хатм карда (1955), мудири шуъбаи занони КМ ПК Тоҷикистон таъйин мегардад. Аз соли 1966 то соли 1986 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

Вакили Съезди XXII КПСС. Узви Пленуми Комитети занони Шӯравӣ, узви Шӯрои Федератсияи байналхалқии занон.

Низорамоҳ Зарифова депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 5-6) ва депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4,6,8,9) буд.

Унвону ҷоизаҳо вироиш

Ба ду ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 3 медал ва ифтихорномаҳои Раёсатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст

Ҳоло 100 сол дорад, дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад.

Эзоҳ вироиш

  1. Амир Сайиди Мункӣ. Фидоӣ. bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон (15 сентябри 2022). 17 марти 2023 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Зарифова Низорамоҳ // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик — Д., 2021. — С. 333. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5