Николай Денисович Беспалов (1898, деҳаи Левашевкаи ноҳияи Новодевичйеи вил. Куйбишев – 1972, Маскав), мелиоратор-хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (1952), узви АИ ҶХМ (1942).

Николай Беспалов
Николай Денисович Беспалов
Таърихи таваллуд 1898(1898)
Зодгоҳ Гурҷистон, ҶШС Гурҷистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 1972(1972)
Маҳалли даргузашт Маскав
Кишвар  Иттиҳоди Шӯравӣ
Фазои илмӣ хокшинос
Ҷойҳои кор Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш, Тоҷикистон, Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС, Институти умумииттифоқии хокшиносии ба номи В. В. Докучаеви Маскав
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома

вироиш

Беспалов хатмкардаи Институти пахтакории Тошкент (1930). Баъди хатми аспирантура (1935) ба Тоҷикистон омадааст. Аввалин директори Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш (1936–38), котиби илмии Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1938–40), роҳбари Экспедитсияи хокшиносии АИ ИҶШС дар Муғулистон (1940–44), ходими калони илмии Институти умумииттифоқии хокшиносии ба номи В. В. Докучаеви Маскав (1944–72). Беспалов асосан оид ба мелиоратсияю ҷуғрофиёи хок таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаҳои илмист. Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  • Влияние ирригационных каналов на поднятие уровня грунтовых вод и засоление почв в Северной части Вахшской долины.
  • Условия эффективности промывок засоленных почв// Засоление почв Вахшской долины и меры борьбы с ним. М. – Л., 1940.

Сарчашма

вироиш