Оташборгон ё «Артиллерия» яке аз истилоҳоти бунёдии улуми низомӣ аст, ки дар се маънӣ ба кор меравад:

  1. шохае аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки ҷангафзори аслии он силоҳҳои оташфишони лӯлаиву калонкалибре чун тӯп, тӯпвор, минандоз, хумпораандоз ва мушакандозҳои дӯшпартобу милаие ҳастанд, ки бо партоби гулӯлаву мушакҳо размандагон, сангарҳо ва истеҳкомоти душманро нобуд мекунанд; тӯпхона.
  2. маҷмуъи сарбозону афсарону ҷангафзору размафзоргони оташфишони лӯлаиву милаӣ ва василаҳои кашишу ҷобаҷоии онҳову афзорҳои ҳидояти оташ ва парведориву фароҳамсозии гулӯландозӣ;
  3. риштае аз улуму фунуни низомӣ, ки сохтор, тарроҳӣ, сохтусоз ва равишу роҳкунишҳои корбурди размии ҷангафзорҳои оташфишонро баррасӣ мекунад.
Тӯпвори 152 милиметрии D-20 дар ҷанги Эрону Ироқ

Вожашиносӣ

вироиш

Истилоҳи «оташборгон» аз рӯи вожаи авестоӣ: «ātarə-c̆ar-» сохта шуда, ки дар «Авесто» ба маънои «оташафкан, оташафшон, оташбор, оташрез» ба кор рафтааст, ки аз «*ātr-c̆ar-» дар эронии бостон ба ҳамин маънӣ рӯида аст[1]. Ҳарчанд ин вожа то замони мо нарасида, вале решааш – «озар» (форсӣ: āδar‎ > порсии миёна: ādur : ātur > порсии бостон: ātar-) ва мутародифаш «оташ» ҳам дар адаби форсӣ ва ҳам дар улуми низомӣ ба кор мераванд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки «оташ» (порсии миёна: ātaxš > авестоӣ: ātarš- > порсии бостон: *ātar-) дар улуми низомӣ яке аз истилоҳоти бунёдӣ аст, аз ин вожа баробаре барои истилоҳи «артиллерия» сохта шуд.

«Артиллерия»-ро дар Тоҷикистон «артиллерия», дар Эрон «тӯпхона» ва дар Афғонистон «тӯпчӣ» меноманд[2]. Аммо «тӯпхона» дар форсии тоҷикӣ «қӯрхона – анбори тӯпҳо дар қисмҳои ҳарбӣ; ҷои нигаҳдории тӯпҳо»-ро меноманд, ки куҳантарин маънои ин вожа дар забони форсӣ аст[3]. Истилоҳи «тӯпхона» дар форсии Эрон дар мафҳуми «артиллерия» низ аз ҳамин маънӣ реша гирифтаву густариш ёфтааст.

Ягоне аз артиллерия, ки чаҳор тӯпу тӯпандозҳову размафзорашонро дар бар мегирад ва «батарея» ном дорад, дар Эрон «оташбор» ва дар Афғонистону Тоҷикистон «батарея» номида мешавад[4]. «Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ» истилоҳи «оташбор»-ро баробари англ. «battery¹» ниҳодаву чунин таъриф кардааст:

Оташбор: ягоне роҳкунишӣ ва иҷроӣ дар воҳидҳои тӯпхона, ки дар ягонҳои пиёда ва соири растаҳои низомӣ муъодили гурӯҳон аст[5].

«Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» «оташбор»-ро сифат ва «оташфишон» таъбир карда ва «оташборон»-ро исм ва «ҳадафи тири зиёд қарор додан ҷоеро», ки аз феъли «оташ боронидан» ба маънои «аз ҳар тараф ва пайи ҳам тир андохтан, тирборон кардан» сохта шудааст[6]. Ҳамин вожа реша гирифта ва бо часпондани пасванди «-гон», ки дар истилоҳсозӣ барои нишон додани гурӯҳе аз падидаҳои яксону ҳамгун ба кор меравад, вожаи «оташборгон» сохта шуд:

Оташборгон = маҷмуъе аз оташборҳо = батареяҳо = артиллерия

Намудҳои оташборгон

вироиш
  • оташборгони абарсангин
  • оташборгони бузургкалибр
  • оташборгони дурбурд
  • оташборгони калонкалибр
  • оташборгони хурдкалибр
  • оташборгони худравкаш
  • оташборгони оҳанроҳӣ
  • оташборгони аспкаш
  • оташборгони мутуркаш
  • оташборгони пуштибонии мустақим
  • оташборгони пуштибонии умумӣ
  • оташборгони падофанди ҳавоӣ: ҷангафзорҳо ва таҷҳизоте, ки аз замин барои сарнагуну нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоии душман ба кор мераванд
  • оташборгони захира
  • оташборгони захираи фармондеҳии кулл
  • оташборгони тарфиқӣ
  • оташборгони вижа
  • оташборгони миёнакалибр
  • оташборгони тақвият
  • оташборгони артишӣ
  • оташборгони атомӣ
  • оташборгони гурдонӣ
  • оташборгони соҳилӣ
  • оташборгони кашишӣ
  • оташборгони роҳкунишӣ
  • оташборгони ёрирасон
  • оташборгони лӯлакӯтоҳ; тӯпвор
  • оташборгони бехон
  • оташборгони кӯҳистонӣ
  • оташборгони дурзан
  • оташборгони лашкарӣ
  • оташборгони ҳавогардзан
  • оташборгони нов
  • оташборгони сипоҳӣ
  • оташборгони сайёр
  • оташборгони сабук
  • оташборгони хурдкалибри ҳавогардзан
  • оташборгони дарёӣ
  • оташборгони мутурӣ
  • оташборгони заминӣ
  • оташборгони хондор
  • оташборгони пуштибон
  • оташборгони саҳроӣ
  • оташборгони ҳанг
  • оташборгони маъмур
  • оташборгони падофанди ҳавоӣ: ҷангафзорҳо ва таҷҳизоте, ки аз замин ба ҳадафҳои ҳавоӣ тирандозӣ мекунанд
  • оташборгони танкзанӣ
  • оташборгони лӯладароз
  • оташборгони мушакӣ
  • оташборгони мушакандоз
  • оташборгони худкашишӣ; худгард
  • оташборгони ҳавогардзани миёнакалибр
  • оташборгони лӯлаӣ
  • оташборгони сангин
  • оташборгони созмонӣ

Адабиёт

вироиш
  1. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.).
  2. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.
  3. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2.
  4. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.
  1. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.). – с. 321
  2. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.; – с. 326
  3. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 361.
  4. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.; – с. 335
  5. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – саҳ. 43. 11 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 40