Нимбутта (лот. Suffrútex) — рустаниҳои бисёрсола, ки қисми поёнии навдаҳояшон ба чӯб табдил ёфта, якчанд сол боқӣ мемонанду қисмҳои болоии онҳо алафӣ буда, ҳар сол нобуд мешаванд (бо ҳамин аз бутта ва буттача фарқ мекунанд). Баландин нимбутта одатан то 80 сантиметр (баъзан 150—200 сантиметр) мешавад. Ба нимбутта терескен, бештари намудҳои дармана, астрагалҳо, боялиҷҳо, рустаниҳои хазандаи сесанбар (одатан онҳоро нимбуттача меноманд) мисол шуда метавонанд.

Lavandula angustifolia Mill. дар кӯҳи Венту, Фаронса

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш