Нимич
Нимич — деҳаест дар ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт. Аз Нимич то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 32 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3022 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рашт |
Ҷамоат | Деҳоти Ҷафр |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3022 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3131 |
|
Иқтисод
вироишДеҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, устохонаҳои либосдӯзӣ, таъмири пойафзол, сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз канали Нимич ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.