Нисор Муҳаммад
Нисор Муҳаммад (Нисор Муҳаммад Юсуфзайи Афғон; 1897[1], Zaida[d], Роҷи Бритониё — 22 ноябр 1937 ё 1937[1], Маскав) — давлатмард, муҳаққиқи забонҳои мардумони хурди Осиёи Марказӣ; яке аз бунёнгузорони ҶШС Тоҷикистон, наздиктарин ҳамкори Шириншо Шотемур.
Комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
|
|
---|---|
1930 — 1932 | |
Пешгузашта | Аббос Алиев |
Ҷонишин | Муҳаммадҷон Масаидов |
Таваллуд |
1897[1] |
Даргузашт |
22 ноябр 1937 ё 1937[1] |
Ном ҳангоми таваллуд | Нисор Муҳаммад |
Зиндагинома
вироишНисор Муҳаммад соли 1897 дар Пешовар ба дунё омад[2]. Ӯ дар рӯйдодҳои инқилобӣ дар Афғонистон ширкат дошт, яке аз ёрони Амонуллоҳхон буд[3], сипас муҳоҷири сиёсӣ шуду ба Осиёи Миёна гурехт. Аз соли 1922 омӯзгори Донишгоҳи Тошканд, узви Анҷумани мутолиоти Тоҷикистон буд. Аз соли 1924 номзад ва аз соли 1928 узви ҲУК(б) буд.
Нисор Муҳаммад аввалин хиштҳоро дар пояҳои омӯзиш ва илм дар ҶШС Тоҷикистон гузошт. Аввалин китобҳои дарсӣ ва мактабҳо ба лутфи талошҳои ӯ падидор шуд. Аввалин донишҷуёни тоҷик дар донишгоҳҳои Тошканд, Маскав Ленинград самараи фаъолияти фаъоли ӯ ҳастанд[4].
Дар соли 1926 Комиссари халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон шуд. Нақши ӯ дар замони табдили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттиҳодия дар соли 1929 низ бисёр олӣ буд. Аз соли 1932 дар Институти шарқшиносии Маскав кор мекарду забонҳои урду ва паштуро дарс медод. Ӯ 8 октябри 1937 ба иттиҳомоти сохтагӣ ва дурӯғин дастгир шуд. Дар ҷараёни таҳқиқот дар 22 октябри 1937 кушта шуд[5].
Таълифот
вироишСолҳои 1923—1924 китобҳои ӯ «Раҳнамои ҳисоб» ва «Алифбо» ба табъ расидаанд.
Бузургдошт
вироишДар шаҳри Душанбе кӯчае, ки сохтимони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он воқеъ аст ба номи Нисор Муҳаммад номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Люди и судьбы. Биобиблиографический словарь востоковедов - жертв политического террора в советский период (1917-1991) (рус.) — СПб.: Петербургское Востоковедение, 2013. — 496 с. — (Социальная история отечественной науки о Востоке) — ISBN 978-5-85803-225-0
- ↑ نثار محمد پشتون که بود؟(форсӣ). BBC News فارسی (31 май 2021). 15 июни 2022 санҷида шуд.
- ↑ МУХАМЕДОВ (Мухаммед, Мухаммедов) Нисар (1897-1937). memory.pvost.org. ЛЮДИ И СУДЬБЫ. 15 июни 2022 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Солеҳов дар бораи шахсияти маъруфи Тоҷикистон Нисор Муҳаммад филм ба навор мегирад(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (1 июни 2018). 15 июни 2022 санҷида шуд.
- ↑ Вечер памяти Нисора Мухаммaда (1897-1937). Автор и ведущий Давлат Худоназаров.(пайванди дастнорас)
Адабиёт
вироиш- Нисормуҳаммади Афғон // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 477. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.