Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорáти маори́ф ва илми Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи маориф масъул аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
кӯтоҳ: ВМИ ҶТ | |
Иттилооти куллӣ | |
Кишвар | |
Қаламрави додрасӣ | Тоҷикистон |
Таърихи таъсис | 14 декабр 1924 |
пешинаи |
Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон Комиссариати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Роҳбарӣ | |
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Вазири масъул | Раҳимҷон Саидзода |
Вебгоҳ | maorif.tj |
Вазифаҳо
вироишВазифаҳои асосии вазорат:
- фароҳам овардани фазои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ;
- таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи маориф;
- ба таҳсил фаро гирифтани бачагони синни мактабӣ.
Таърих
вироиш14 декабри 1924 Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1946–78: 1988–92), Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон (1978–88) табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати аорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. 19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардидд, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд[1].
Сохтор
вироиш- Сохтори Вазорат:
- Роҳбарият (вазир ва 4 муовин);
- Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
- Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ;
- Раёсати кадрҳо, корҳои махсус;
- Раёсати баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- Раёсати иқтисод ва банақшанирӣ;
- Раёсати илм ва иноватсия;
- Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
- Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ;
- Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф;
- Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот;
- Шуъбаи назорати дохилии ҳуҷҷатҳо ва бойгонӣ;
- Шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатӣ;
- Шуъбаи аудити дохилӣ;
- Шуъбаи таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф;
- Бахши маъмурият ва корҳои ташкилӣ;
- Бахши муассисаҳои интернетӣ ва таҳсилоти иловагӣ;
- Бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ;
- Бахши инвеститсия.
- Муассисаҳои тобеи вазорат:
- Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;
- Раёсати сохтмони асосӣ;
- Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
- Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ;
- Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
- Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ;
- Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабӣ;
- Маркази барномаҳои байналмилалӣ;
- Маркази миллии тестӣ;
- Матбааи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»;
- Нашрияи «Омӯзгор»;
- Маҷаллаи «Русский язык и литература в школах Таджикистана»;
- Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»;
- Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна (Бонки исломии рушд);
- Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия;
- Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста.
Роҳбарони собиқи вазорат
вироишВазирони вазорат: Аббос Алиев (1924—1927), Нисор Муҳаммад (1927—1929, 1930—1932), Муҳаммадҷон Масаидов (1929—1930), Саид Носиров (1932—1934), Кулӣ Абдинов (1934—1936), Сироҷуддин Ҳасанов (1936—1937), Муҳаммадамир Ниёзов (1937—1938), Тоҳир Пӯлодов (1938—1942, 1954—1962), Ҳотам Солеҳбоев (1942—1943), Ҳошим Содиқов (1943—1947), Ҳабибулло Неъматуллоев (1947—1954), Муҳаммад Осимӣ (1962—1963), Рустамбек Юсуфбеков (1963—1974), Рауф Додобоев (1974—1986), Хушқадам Давлатқадамов (1978—1984), Абдулбашир Рашидов (1986—1988), Талбак Назаров (1988—1989), Исмоил Давлатов (1990—1992), Зокир Вазиров (1992), Бозгул Додхудоева (1992—1994), Мунира Иноятова (1994—2000), Сафаралӣ Раҷабов (2000—2005), Абдуҷаббор Раҳмонов (2005—2012), Нуриддин Саидов (2012—2020), Муҳаммадюсуф Имомзода (2020—2022), Раҳимҷон Саидзода (аз 2022).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. president.tj. 20 феврали 2018 санҷида шуд.
Ҳамчунин нигаред
вироишПайвандҳо
вироиш- maorif.tj — вебгоҳи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)(англ.)
Сарчашма
вироиш- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.