Муҳаммадҷон Масаидов
Муҳаммадҷон Мадалиевич Масаидов (1901, Хуҷанд — 20 октябри 1938[1]) — рӯшанфикри тоҷик, арбоби давлатӣ, собиқадори маориф ва фарҳанги Тоҷикистон.
Масаидов Муҳаммадҷон Мадалиев | |
Комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
|
|
1929 — 1930 | |
Пешгузашта | Нисор Муҳаммад |
Ҷонишин | Нисор Муҳаммад |
Таваллуд |
1901 |
Даргузашт | 20 октябр 1938 |
Таҳсилот |
Зиндагинома
вироишМуҳаммадҷон Масаидов дар соли 1901 дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили мадрасаи сесолаи русӣ-бумии Хуҷанд (1917)[2]. Аз соли 1919 узви ҲК буд.
Корнома
вироишМуҳаммадҷон Масаидов кори худро дар сол 1917 ба унвони нигаҳбон дар Хуҷанд оғоз кард. Дар соли 1922—1926 ба унвони котиби Угоркоми комсомол, Угоркоми ҳизб дар Хуҷанд, дар 1926—1928 котиби иҷроияи кумитаи минтақаии ҳизб дар Сурхондарёи ҶШС Узбакистон, муовини раиси шуъбаи сиёсии бригадаи узбакистонии Артиши Сурх дар Самарқанд, 1929—1930 комиссари халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1930 котиби масъули кумитаи минтақии ҳизбии Кӯлоб, 1931 раиси Шӯрои олии иқтисоди миллии ҶШС Тоҷикистон ва дар солҳои 1931—1934 донишҷӯи Промакадемияи Маскав, 1934—1936 комиссари қалқии саноати маҳаллии ҶШС Тоҷикистон 1936—1937 комиссари халқии саноати сабуки ҶШС Тоҷикистон буд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сталинские расстрельные списки по Таджикской ССР.(рус.). pomnirod.ru. Мое Семейное Древо. 21 июни 2022 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 МАСАИДОВ Мухамеджан Мадалиевич. centrasia.org. ЦентрАзия. 22 июли 2022 санҷида шуд.