Нодин Гурдимер
Нодин Гурдимер (англ. Nadine Gordimer; 20 ноябр 1923[1][2][3][…], Спрингс[d], устони Тронсфол[d], Иттиҳодияи Африқои Ҷанубӣ[d][5] — 13 июл 2014[4][1][2][…], Йоҳаннесбург[2]) — нависандаи ингисизабон ва ходими сиёсии Африқои Ҷанубӣ.
англ. Nadine Gordimer | |
Таърихи таваллуд: | 20 ноябр 1923[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 13 июл 2014[4][1][2][…] (90 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, румоннавис, намоишноманавис, қиссанавис, scientific editor, насрнавис, коргардони филм |
Солҳои эҷод: | 1939 — 2012 |
Жанр: | румони кӯтоҳ ва қисса[d] |
Забони осор: | инглисӣ[6][7] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи донишгоҳи Ёҳаннесбург; дар донишгоҳҳои ИМА таърихи адабиёту ҳунарро дарс медод. Аз наврасӣ ба навиштан пардохт ва нахустин ҳикояаш «Эй фардо, баргард» дар маҷаллаи «Форум» (1939) ба табъ расид. Дар маҷмӯаи ҳикояҳои «Рӯ ба рӯ» (1949), «Забони ширини мор» (1952), «Шаш фут аз деҳкада» (1956) таъсири модернизм (М. Пруст, В. Вулф ва дигарон) ба назар мерасад. Дар ин ҳикояҳо муноқишаҳои равоние тасвир карда шудаанд, ки дар партави онҳо воқеияти опортеид (табъизи нажодӣ) ҳувайдост. Дар романҳои «Рӯзҳои фиребанда» (1953), «Сарзамини бегонагон», «Охирин дунёи буржуазӣ» (1966) ба буҳрон дучор омадани ғояҳои либерализми сафедпӯстон инъикос ёфтааст. Романҳои дигари Г. «Меҳмони фахрӣ» (1970), «Духтари Бургер» (1979), «Хонаводаи Жулия» (1981) шомили эътироз аз сиёсати давр мебошанд. Дар онҳо нигориши лирикию психологӣ нисбат ба таҳкивӣ ва ҳамосӣ камтар аст. Дорандаи мукофоти Нобел (1991).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ 4.0 4.1 http://www.huffingtonpost.fr/2014/07/14/nadine-gordimer-ecrivain-afrique-du-sud-mort-prix-nobel-litterature_n_5584172.html
- ↑ 5.0 5.1 Blain V., Grundy I., Clements P. The Feminist Companion to Literature in English (ингл.): Women Writers from the Middle Ages to the Present — 1990. — P. 440.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
вироиш- Гордимер Нодин // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.