Нозим Сафаров (26 феврали 1939, ноҳияи Ленин — 2016, Душанбе) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1988), профессор (1990).

Нозим Сафаров
Нозим Сафаров
Таърихи таваллуд 26 феврал 1939(1939-02-26)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 2016(2016)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи такмили ихтисоси муаллимони ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Соли 1963 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1963—1964 муаллими мактаби миёнаи № 1 ноҳияи Данғара, 1963—1965 методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара, 1965—1968 аспиранти кафедраи таърихи ҲКИШ, 1968—1970 муалими таърихи ҲКИШ-и донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1970—1973 мудири шуъбаи хонаи маорифи КМ ҲК Тоҷикистон, 1974—1978 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ, 1978—1980 деканифакултети педагогика, 1980—1990 декани факултети такмили ихтисоси директорони мактаби миёнаи назди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1990—1992 ҳамчун директори Донишгоҳи такмили ихтисоси муаллимони ҶШС Тоҷикистон ва ҳамзамон муаллими ҳамкори донишгоҳи омӯзгории пойтахт кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Оид ба Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар давраи сохтмони сотсиализм кори илмӣ бурдааст.

  • Коммунистическая партия Таджикистана и вопросы подготовки учительских кадров в годы построения социализма, Д., 1969;
  • Ленинская забота об учителе в годы строительства социализма, Д., 1970;
  • Ленинские идеи о народном образовании и их осуществление в Таджикистане, Д., 1970;
  • Ликвидация неграмотности женшин — таджичек в годы построения социализма, Д., 1971;
  • Методические советы по изучению истории КПСС, Д., 1975.

Пайвандҳо

вироиш