Номзадии худро пешбарӣ кардан

Номзадии худро пешбарӣ кардан - шаҳрванде, ки ба шартҳои интихобот ҷавобгӯ аст, ҳуқуқи номзадии худро пешбарӣ кардан ба мақоми намояндагӣ дорад. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ (10 декабри с. 1999) аввалин бор ба шаҳрвандон ҳуқуқи номзадии худро пешбарӣ кардан додаанд. Пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот бо тартиби худпешбарӣ бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба овоз мондани номзадии ӯ сурат мегирад. Номзад бояд ба тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ҳавзаро ҷамъ намояд. Номзади бо роҳи худпешбарӣ ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ пешбаришуда бояд имзои сад нафар интихобкунандаро аз имзои сад нафар интихобкунандаро аз ҳавзаи мазкур якҷоя бо ариза пешниҳод намояд.[1]

Нигаред низ вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 351-352