Нони чаппотӣ

(Тағйири масир аз Нони тунук)

 

Нони чаппотӣ

Нони чаппотӣ (нони тунук)- ба зарфе орд, об, намак, хамиртуруш андохта, хамир мекунанд. Хамир бояд мулоим бошад. Баъди расидани хамир зуволачаҳои майда-майда бурида, дар рӯи дастархон мечинанд ва болои онҳоро 25-30 дақиқа пӯшонда мемонанд, то ки дам гирад. Баъд тунук мекунанд ва ба рӯи рафида монда, ба танӯри тафсон мечаспонанд. Қутри нони тунук одатан 50-60 см мешавад.

  • Чаппотӣ, шапотӣ як навъ нон аст. Барои тайёр кардани чаппотӣ хамир мекунанд ва то расидани он (30-40дақиқа) болояшро пӯшида мемонанд. Баъди расидани хамир 250-300 г зувола гирифта, онро ба андозаи 0,3 см тунук мекунанд ва дар танӯр ё дегдон мепазанд. Ҳангоми тунук кардани хамир баъзан мувофиқи хоҳиш ба вай шир ё равған ҳамроҳ мекунанд. Вазни ҳар чаппотӣ 250-450 г ва андозаи курси он 40-50см мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш