Нормат Валевич Ҳайбатов (тав.15 июли соли 1949 ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа) – омӯзгор, забоншинос, дотсент. Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Нормат Ҳайбатов
Нормат Валиевмч Ҳайбатов
Таърихи таваллуд 15 июн 1949(1949-06-15)
Зодгоҳ ноҳияи Вахш, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 2005(2005)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Нормат Валевич Ҳайбатов (тав.15 июли соли 1949 ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа) – омӯзгор, забоншинос, дотсент. Аълочии маорифи Тоҷикистон. Нормат Ҳайбатов фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси мудири китобхона ва муаллими расмкашии мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ оғғоз намудааст; Солҳои 1969-1973 донишҷӯйи шуъбаи забони англисии факултети забонҳои хориҷии Донишакадаи педагогии ба номи Т.Г. Шевченко. Солҳои 1973-1992 ассистент, муаллим, муаллими калони кафедраи забони англисӣ, муовини декани факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ. Тӯли қариб 20 соли фаъолият дар кафедраҳои гуногуни донишкада аз ассистенти қаторӣ то устоди калони кафедра адои вазифа карда омад. Солҳои зиёд раиси иттифоқи касабаи муаллимони факултет, узви кумитаи маҳаллии донишкада ва муовини декани факултет оид ба корҳои таълим шуда кор кард ва яке аз авваллин ташаббускорони ташкил намудану гузаронидани дарсҳои забони англисӣ дар телевизиони ҷумҳурӣ гардида, тӯли солҳои 1991-1992 аз ин забон барои ҳамагон дарс мегузашт. Бо шарофати гузаронидани чунин дарсҳо Нормат Ҳайбатов он қадар маъруфият пайдо намуд, ки раёсати Донишкадаи навтаъсиси хизмати маишӣ (баъдан Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат), бо мақсади мутахассисони беҳтарин, ӯро ба кор даъват ва ба ҳайси қадрдонӣ дар шаҳри Душанбе тариқи ройгон бо манзили сеҳуҷрагӣ таъмин намуд. Аз моҳи августи соли 1992 устод Нормат Ҳайбатов дар ин Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳайси дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва аз моҳи январи соли 2007 то моҳи марти соли 2009 ба ҳайси декани факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент фаъолият намуд. Баъдан аз моҳи марти соли 2009 то моҳи сентябри соли 2021 фаъолияташро аввал ба ҳайси сардор, баъд сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, ҳамзамон дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ идома дод. Бо ташаббӯсу талошҳои бевоситаи устод Нормат Ҳайбатов дар давраи фаъолияти ӯ дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба 5 лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо – “Темпус шомил шуда, аз таҷрибаи ҷаҳонии ислоҳоти мактабим олӣ бархӯрдор ва аз ҳисоби маблағи лоиҳаҳо соҳиби чандин техникаву технологияҳои наву замонавӣ гардид.[1]

Фаъолияти омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ вироиш

Дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ ва маъмурӣ, доир ба паҳлӯҳои мухталифи забони англисӣ, бахусус, омӯзиши муқоисавии забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ, масоили одоби муоширати байналмилалӣ, хусусияти таълими забони англисӣ дар ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷанбаҳои мухталифи таълиму тарбия тадқиқотҳо бурда, дар баробари танзим ва таҳияи барномаҳои таълимиву корӣ, 3 монография, 12 дастури таълимӣ-методӣ, зиёда аз 160 номгӯй дастранҷҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии худро ба чоп расонид. Устод Нормат Ҳайбатов, ки ихтисос ва савияи касби худро дар беҳтарин донишкадаҳо ва марказҳои забоншиносии шаҳрҳои Нижний Новгород, Санкт- Петербург, Маскав, Тошканд, мамлакатҳои Булғористон, Ҳиндустон, Австрия, Италия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон ва бисёр созмонҳои байналмилалӣ такмил дода буд, чандин сол, коршиноси барномаи таълимии Донишгоҳи ҷомеаи озоди хазинаи Сорос ва тарҷумони ғайриштатии аксар созмонҳои байналмилалии маскуни Душанбе ба фаъолият ҷалб карда мешуд. Саҳми устод Нормат Ҳайбатов дар тарбияи шогирдон ҳам хеле назаррас мебошад. Шогирдони устод имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, тавассути дониши хуби забони англисӣ зиндагӣ ва фаъолият намуда, аксарашон бо устод тавассути интернет робитаи доимӣ доранд. Масалан, шогирдони ӯ, ба монанди Давлаталӣ Назризода - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина, Қаландар Идибек - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Ҳабибулло Мирзозода -мушовири Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, Мирзосаид Султонов - профессор ва мудири кафедраи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фаъолият менамоянд, ки ҳамаашон ифтихори устоданд. Соли 2021, устод Нормат Ҳайбатов ба хотири табодули таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва пешрафти ояндаи соҳа, монографияи сеюми илмии худро таҳти унвони «Байналмилаликунонии таҳсилот ё худ ЮНИВИА ба ДССХ чӣ дод?» аз чоп баровард ва хушбахтона, ба зудӣ донишкада, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» табдили ном кард. Аксарияти шогирдони Н. Ҳайбатов ба зинаҳои баланди касбӣ ва зиндагӣ расиданд. Дар байни шогирдонам генералҳо, вазирон, сафирон, роҳбарони лоиҳаҳои байналмилалӣ, бонкҳо, докторону профессорон ва ғайраҳо хастанд.[2] Меҳнати шоёну содиқонаи устод Нормат Ҳайбатов бо туҳфаҳо, раҳматномаву ифтихорномаҳои зиёди донишкадаҳо, Вазоратҳои маориф ва илм, мелиоратсия ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд.

Эзоҳ вироиш

  1. МАРДИ ДОНОРО ҚАДРАШ БАЛАНД АСТ (дар борам Нормат Ҳайбатов)(тоҷ.). www.facebook.com/tj. Рӯзномаи Насими Айём (2023). 18 июли 2023 санҷида шуд.
  2. МАРДИ ДОНОРО ҚАДРАШ БАЛАНД АСТ (дар борам Нормат Ҳайбатов)(тоҷ.). www.facebook.com/tj. Рӯзномаи Насими Айём (2023). 18 июли 2023 санҷида шуд.