Норӣ Раббимдухт
Норӣ Раббимдухт — публисист, тарҷумон, шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008)
Норӣ Раббимдухт | |
Таърихи таваллуд: | 10 ноябр 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон, воқеанавис |
Жанр: | ҳикоя, қисса, шеър |
Забони осор: | забони тоҷикӣ, забони русӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Аълочии маорифи Тоҷикистон, нишони «Сухан» |
Зиндагинома
вироишНорӣ Раббимдухт 10 ноябри соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1986 факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1987—1994 дар муассисаҳои нашриявии «Маориф», «Адиб», рӯзномаҳои «Ҳомии Ватан» ва «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт») ҳамчун рӯзноманигор фаъолият бурдааст. Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
вироишАз айёми донишҷӯӣ ба тарҷумаи асарҳои адибони муосир ва классики тоҷик ба забони русӣ шурӯъ намудааст. Аз ҷумла, чанд ҳикояти «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттори Нишопурӣ, «Калилаву Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро ба русӣ гардондааст. Ҳамчунин, намунаҳоеро аз осори нависандагони тоҷик Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр, Равшани Ёрмуҳаммад ва дигаронро ба русӣ тарҷума ва дар нашрияву рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп кунондааст. Ба забони русӣ шеър навишта, чанде аз асарҳои шоирони тоҷикро ба забони русӣ гардондааст, ки мунтахаби рубоиёти Соҳибназар, шеърҳои алоҳидаи Нурулло Норзода, гулчини таронаҳои Мавлудаи Равшанёр аз он ҷумлаанд. Намунаҳое аз офаридаҳои худаш дар маҷаллаи «Помир» ва рӯзномаву маҷаллаҳои дигари русизабони кишвар чоп шудаанд.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ҷоизадори Озмуни байналмилалӣ барои тарҷумаи беҳтарин аз забони миллӣ ба забони
русӣ дар кишварҳои ИДММ ва Балтия «Мэтр» (2007);
- Нишони «Сухан» (2013).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.182 ISBN 978-99947-2-379-9