Ноҳияи Темурмалик

(Тағйири масир аз Ноҳияи Қизилмазор)

Ноҳияи Темурмалик (форсӣ: ناحیه تیمورملک‎) — ноҳияи маъмурӣ дар ҳайати вилояти Хатлонии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази ноҳия — шаҳраки Баҳманрӯд (собиқ Совет, Қизилмазор).

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Темурмалик
Ноҳияи Темурмалик
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Хатлон
Шомили 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Баҳманрӯд
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 19 январи соли 1936
Масоҳат 1 014 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 75300[1] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ-KT
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ03
Ноҳияи Темурмалик дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷойгоҳ

вироиш

Ноҳия аз ҷиҳати марзӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Балҷувон, Ховалинг, Данғара аз тарафи даштҳои Олимтой тавассути қишлоқи Тошбулоқ ба Фархор хатти сарҳад дорад.

Иқлим

вироиш

Иқлимаш гарму хушк буда, аз ҷиҳати геологӣ ноҳия асосан дар байни қаторкӯҳҳои Илонтоғ, Хӯҷаи Нур, Кӯҳи Хӯҷа Сартез мавқеъ дошта аз 60 то 80 км тӯл кашидааст.

Палеозоии заминҳо ба табиати ноҳия аз ҷиҳати релеф ва иқлими ба худ хос дошта, иқлимаш дар зимистон дар кӯҳҳо хунук, дар таҳдашт начандон хунук, тобистонаш гарму хушк аст. Иқлими давродаврии ноҳияи Темурмалик ба худ табиати хос дорад. Дар қисми ғарбу шимоли ноҳия боронгарӣ бисёртар буда, дар қисми шарқу ҷануби ноҳия боронгарӣ камтар аст. Ҳарорати миёнаи солона ба 16,40 с тобистон ҳарорат то 35-400 с (баъзан 42-450 с), зимистон аз 5 дараҷа (солҳои қаҳратун 16-20) дараҷа поён мефарояд, ки баъзан боиси хунук задани дарахтони анор, анҷир, ангур ва чормағз мегардад. Давраи бесармои ноҳия 300-309 рӯз аст. Рӯзҳои гармӣ аз 250 то 300 рӯз мерасад. Аксар вақт тунбодҳои «хокбориши афғонӣ» дар фасли баҳор, тобистон ва тирамоҳ вомехӯрад. Боришоти солона дар доманкӯҳҳо 600-800 мм, дар пастхамиҳо (таҳдашт) ба 200 то 400 мм баробар мешавад. Тобистони ноҳия хушк мегузарад. Аксар фасли баҳор дар ноҳия сербориш омада, боронҳои сел киштзорҳоро шӯста меравад.

Наботот

вироиш

Дар ноҳияи Темурмалик беш аз 3000 намуди рустаниҳои табиӣ мерӯяд. Растаниҳои табобатӣ асосан дар қисми кӯҳҳои Илонтоғ, Хӯҷаи Нур, мавзеи Зангибобо, Дасторқозӣ ва кӯҳи Хӯҷа Сартез дида мешавад. Дар дашту кӯҳҳо ва доманакӯҳҳои ноҳия рустаниҳои буттагӣ ва дарахтӣ: писта, шӯлаш, санҷит(ҷигда), сафедор, чинор, ар-ар, заранг, дулона, олучабандак, олуча, тут, себ, ангат, туғ, хӯч, бодом, пушол, ангур, зелол, олу, гелос, чормағз, арча, қарақот, муруд ва ғ; аз гиёҳҳои шифобахш: аҷик, чоқла, чукрӣ, рошак, ров, шибит, шибитак, кравчак, зира, қӯзақарнӣ, чора, пиёзи кӯҳӣ, анзур, сир, арпамодиён, ширинбия, субинак, чойкаҳак, ҷамбилак, қонтепар, пӯдина, сиёҳалаф, паи зоғак, кавар, камол, пӯдинаи лалмӣ, раҳдавак, чилбуғум, қоқу, шамантулоқ, тхач, лола, севчук, янтоқ, думирӯбоҳ, шифоқ, нахӯдак, ғеша, марғилон, говқисирак, алафҳои тухмдор ва ширадори сафед ва ғайраҳо, ки беш аз 100 намуди он дар тибби имрӯза маълум аст, истифода мешавад. Ва ҳанӯз бисёр гиёҳҳое ҳастанд, ки ҷиҳати шифобахшии онро бояд биологҳо, фармасевтҳо (дорусозон) бояд таҳқиқ ва аз санҷиш гузаронанд.

Ҳайвонот

вироиш

Дар олами паррандагону ҳайвонот ва хазандагон дар ноҳия беш аз 115 намуди онҳо ба қайд гирифта шуда буд. Алҳол, аз паррандагон бештар кабк, кабӯтар, гунҷишк, фохтак (мӯсича), гунҷишкҳои муқимию мавсимӣ, зоғ, зоғча, аллака, қароғ, шоҳин, бум, лочин, лошахӯр, уқоб, каргас, майна, булбул, фароштурукҳо, ҷулик, ҳудҳуд (шонсарак), санговдавак, зарғов, залич, бедона, аз дарранда ва хазандаҳо хирс, гург, рӯбоҳ, хук, гурбаҳои ваҳшӣ, мор, ҷайра, сағур, каламуш (юрмон) ва ғайра мавҷуд аст.

Ҳатто дар дарёи Сурхоб хояндаҳои обӣ-муши обӣ, қундуз (як навъ ҳайвони санҷобмонанди аз саг хӯрд аз гурба калонтар, ки мӯяш сиёҳнук, баъзан сурхранги сурмонанд) мебошад, хеле зиёд буд. Аз як тараф бо нобуд шудани бешаю туқайзор ва қамишу лухҳо, ин ҳайвонҳои нодир низ нобуд ё ба сӯи дарёи Панҷ кӯч бастаанд.

Таърих

вироиш

Мардум

вироиш

Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳия 64,9 ҳаз. тан бошанда доштааст[2]. Мардуми ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
74 75,3

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Темурмалик 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат[3]. дорад.

Ҷамоатҳои ноҳияи Темурмалик[3]
Ҷамоатҳо Аҳолӣ (2011)
Баҳманрӯд, шаҳрак 9900 (с. 2015)
Чилчаҳ 7345
Саидмуъмин Раҳимов 10585
Кангурт 8358
Ҳусайнобод 6496
Танобчӣ 6323
Кушктеппа 7452

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Темурмалик Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Иқтисодиёт

вироиш

Омӯзишу парвариш

вироиш

Ниҳодҳои фарҳангӣ

вироиш

Беҳдошту беҳзистӣ

вироиш
  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  3. 3.0 3.1 Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с. 95-96