Ноҳияи Дӯстӣ

(Тағйири масир аз Ноҳияи Ҷиликӯл)

Ноҳияи Дӯстӣ (форсӣ: ناحیۀ دوستی‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст. Маркази маъмуриаш — деҳаи Ҷиликӯл.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Дӯстӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи вилояти Хатлон
Шомили 1 шаҳрак, 5 ҷамоат
Маркази маъмурӣ д. Ҷиликӯл
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 16 октябр 1929
Масоҳат 1834,4 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 122 000[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон, узбакҳо
Мазҳаб мусулмонон
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.KL.DZ
Коди телефон 3248
Нишонаи почта 735140
Домени интернет .tj
Ноҳияи Дӯстӣ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Ноҳияи Ҷиликӯл дар қисмати ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир буда, бо ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён ва аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Ҳудуди ноҳияи Дӯстиро қаторкӯҳҳои паст ва ҳамвориҳо иҳота кардаанд[3].

Ноҳияро аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Рӯдакӣ (қуллаи баландтарин то 750 метр аз сатҳи баҳр), аз ғарб қаторкӯҳҳои Ариктау ва аз ҷануб дарёи Вахш иҳота кардаанд.

Фосилаи байни Дӯстӣ то маркази вилоят шаҳри Бохтар 46 км ва то шаҳри Душанбе 150 км аст. Аз ҳудуди ноҳия роҳҳои мошингарди байни ноҳиявӣ мегузарад.

Масоҳати умумии ноҳия 1225,8 км2 буда, 53%-и онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд.

Иқлим

вироиш

Ноҳияи Дӯстӣ аз сатҳи баҳр дар баландии 601 метр воқеъ буда, иқлимаш континенталии миёна мебошад, ҳарорати миёнаи солона + 17,5°С ва дар зимистон + 2, + 5°С-ро (дар фасли гармо моҳҳои июн — август зиёда аз + 40 то +45°С) ташкил медиҳад. Бориш дар фасли сармо то 103 мм ва дар фасли баҳору тирамоҳ бошад нисбатан камтар ва дар тобистон қариб мушоҳида намегардад.

Ҳудуди ноҳияро хоки зардчатоби қумдор, хоки сиёҳ, дар кӯҳҳо ва хоки сурх (кулолӣ) ишғол менамояд, ки барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва кулолгарӣ мутобиқ аст[3].

Олами ҳайвоноту наботот

вироиш

Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш (60 км) мегузарад. Дар ноҳия мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» ба масофаи 50 ҳазор гектар мавҷуд буда, олами набототу ҳайвоноти он рангин аст. Ин мавзеи дилангез диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст.

Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ, нок, олу, олуча, зардолу, шафтолу, хурмо, анор, анҷир, ангур, тут, гелос, бодом), рустаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд.

Захираҳои табиӣ

вироиш

Дар қаламрави ноҳия аз канданиҳои фоиданок нафт, варақсангҳои сӯзанда, санги мармари сохтмонӣ, оҳаксанг, сангҳои сохтмонӣ ва захираи қум мавҷуд аст. Кони нафти Қашқадум, яке аз конҳои ояндадор ба ҳисоб рафта, захираи он 4,9 млн тоннаро ташкил медиҳад. Варақсангҳои сӯзандаи Ғаравутиро ҳамчун маводи сӯзишворӣ дар корхонаҳои саноатӣ ба кор бурдан мумкин аст.

Таърих

вироиш

Аз нуқтаи назари муаррихон дар фонди луғавии забони арабии тоҷикӣ калимаи «Чайл» ба маънои «Канори Дарё» ва «Кӯх», инчунин «Чилла» ба маънои «Бузург», «Бисёр» оварда шудааст ва пас калимаи «Ҷиликӯл» маънои аслии тоҷикиаш «Чиликӯл» аст. Аз мавқеи ҷуғрофӣ низ ин мақом дуруст аст, зеро Чиликӯл дар лаби руди Вахш ва канори кӯлҳо ҷойгир шудааст[3].

Ҷиликӯл ҳамчун ноҳияи бори аввал 29 августи соли 1930 таъсис ёфта, то сентябри соли 1955 фаъолият намудааст. 6 декабри соли 1979 ноҳия аз нав ташкил карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО ҶТ № 204 аз 3 марти 2016 ноҳияи Ҷиликӯл ба номи ноҳияи Дӯстӣ иваз карда шуд[4][5].

Ёдгориҳои таърихӣ

вироиш

Дар ноҳия ёдгории таърихӣ муталиқ ба асри ХVII мавҷуд аст (аз ҷумла, мақбараи Имом Зайналобуддин).

Аҳолӣ

вироиш

Ба ҳолати 1 январи соли 2011 аҳолии ноҳияи Дӯстӣ 94,4 ҳазор ва бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳия 104,2 ҳазор тан бошанда доштааст.[6] Мардуми ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
118,9 122

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Дӯстӣ 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат[7] дорад

Ҷамоатҳои ноҳияи Дӯстӣ [7].
Ҷамоат Аҳолӣ
20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрак 7000
Ҷилликӯл 17 712
Деҳқонобод 22 666
Навзамин 3799
Нури Вахш 11 793
Гардӣ Гулмуродов 5000

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Дӯстӣ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Иқтисод

вироиш

Мавқеи ҷойгиршавии ноҳия барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мусоид аст. Аз ҳудуди ноҳия магистрали роҳи оҳани «Москва-Термез-Қӯрғонтеппа» ва роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи «Душанбе—Шаҳритус», «Шаҳритус — Қубодён — Ҷалолиддини Балхӣ — Қӯрғонтеппа» мегузаранд, ки ноҳияро бо дигар марказҳои саноатии вилояти Хатлон ва дар ҷануби мамлакат тавассути бандари Панҷи Поён дар дарёи Амударёи бо сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайваст мекунад. Истгоҳи роҳи оҳани «Колхозобод» аз маркази ноҳия дар масофаи 16 км дур ҷойгир шудааст, ки дар рушди иқтисодии ноҳия нақши муҳим мебозад. Наздик будани ноҳия бо маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа ва сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон имконияти истифодаи захираҳои потенсиалии мавҷударо медиҳад[3].

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷиликӯл барои солҳои 2012-2016. www.mts.tj. МТС. 6 сентябри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  4. Тағйири номи як шаҳр дар Тоҷикистон чӣ арзиш дорад?. 4 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 марти 2016.
  5. Переименование 10 городов и районов, а также Кайраккумского водохранилища
  6. Маҷмӯаи омории «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  7. 7.0 7.1 Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.109-110
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: