Нуриддин Шарипов
Нуриддин Шарипов (1 декабри 1955, деҳаи Зериҳисор, ноҳияи Панҷакент — 30 июли 2024, Душанбе) — донишноманависи тоҷик, узви шӯрои назорати илмӣ ва ҳайати таҳририяи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003).
Таърихи таваллуд | 1 декабр 1955 (68 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Зериҳисор, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 30 июл 2024 |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В. И. Ленин (1978, ҳоло ДМТ). Муҳаррири хурди редаксияи Луғатнома, фонди илмӣ ва истилоҳот (1978—1979), муҳаррир (1979—1980), муҳаррири калон (1980—1983), муҳаррири илмӣ (1983—1984), муҳаррири калони илмии (1984-85) редаксияи Иқтисодиёти сиёсӣ ва хоҷагии халқи СИЭСТ. Солҳои 1985-87 дар ҳайати гурӯҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар Ҷумҳурии Афғонистон хидмат кардааст. Баъдан муҳаррири калони илмии редаксияи Хоҷагии кишлоқ (1987—1990) ва аз соли 1990 мудири редаксияи Назорати илмӣ ва таҳрири адабии СИЭСТ ва СИЭМТ мебошад.
Донишноманигорӣ
вироишНуриддин Шарипов тӯли фаъолият дар СИЭСТ ва СИЭМТ дар таҳриру тадвин, таҳия ва ба чоп омода намудани 8 ҷилди «Энсиклопедияи советии тоҷик», 2 ҷилди «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» саҳми калон дорад.
Бо саъю кӯшиш ва таҳрири махсуси ӯ 3 ҷилди энсиклопедияи «Ҳазору як корнома», китобҳои «Хотира» ва «Памят» ба табъ расидаанд. Ӯ мураттиби китобҳои хотираи ноҳияҳои Айнӣ, Балҷувон, Зафаробод, Муъминобод, Нуробод, Тавилдара, Файзобод, шаҳри Роғун (соли 2010) буда, аз силсилаи Энсиклопедияи насри форс-тоҷик «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ, «Дастуру-ул-мулук»-и Самандари Тирмизӣ ва насру назми Убайди Зокониро (соли 2010) таҳия намудааст. Мураттиб, муҳаррир ва яке аз муаллифони 3 ҷилди «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик». Ҳамчун мудири редаксияи Назорати илмӣ ва таҳрири адабии СИЭМТ мақолаҳои «Энсиклопедияи рӯзғордорӣ», ҷилди 3-юми «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Энсиклопедияи Душанбе» (нашри 1 ва 2), «Энсиклопедияи Кӯлоб» ва ҷилдҳои 1 ва 6-и «Энсиклопедияи миллии тоҷик»-ро аз лиҳози илмӣ ва адабӣ таҳрир кардааст. Муаллифи бисёр мақолаҳои илмӣ (беш аз 300 адад) дар нашрияҳои энсиклопедии «Энсиклопедияи советии тоҷик», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (ҷилдҳои 1 ва 6) ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (ҷилдҳои 1-4). Нуриддин Шарипов яке аз энсиклопедистони варзида ба шумор рафта, дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти ҷиддӣ дорад ва мураббии хуби мутахассисони ҷавони СИЭМТ мебошад.
Ҷоизаву орденҳо
вироишБо орденҳои «Ситораи Сурх» (1986), «Шараф» (дараҷаи 2, 2015), медалҳои «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР» (1988), «Аз халқи сипосгузори афғон» (1988), Грамотаи Президиуми Совети Олии СССР (1988) сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.