Нурмаҳмад Маҳмадуллоевич Холов ( 22 апрели 1953 ; ҶШС Тоҷикистон, СССР ) дипломати рустабори тоҷик аст.

Нурмаҳмад Холов
Таваллуд 22 апрел 1953(1953-04-22) (71 сол)
Падар Маҳмадулло Холов
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
Order of Friendship Medal of the Order "For Merit to the Fatherland", 2nd class

Зиндагинома

вироиш

Нурмаҳмад Маҳмадуллоевич Холов 22 апрели соли 1953 дар деҳаи Арабхонаи ноҳияи Шаҳртуз дар ҷануби ғарбии ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вай аз оилаи серфарзанди деҳкон аст. Ӯ панҷ бародар ва чаҳор хоҳар дорад. Падараш Маҳмадулло Холович Холов, аз деҳқони оддӣ, то вазифаи корманди ҳизбӣ расида, зуд-зуд ба сафарҳои хидматӣ мебаромад. Соли 1963 Маҳмадулло Холов раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон шуд ва то соли 1984 дар ин вазифа кор кардааст.

Нурмаҳмад Холов соли 1976 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленини шаҳри Душанберо бо ихтисоси шарқшиносӣ хатм кардааст. Соли 1975 ба сафи ҲКИШ қабул шуд. Аз соли 1976 дар кори [дипломатӣ аст.

Н. Холов солҳои 1976-1980 ёвари котиб, атташе ва котиби сеюми сафорати ИҶШС дар Одоно (Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман (Ямани Ҷанубӣ ) буд. Солҳои 1980-1981 котиби дуюми сафорати ИҶШС дар Санъо ( Ҷумҳурии Ямани Араб (Ямани Шимолй) буд.

Солҳои 1981-1983 донишҷӯи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС дар Маскав буд. Солҳои 1983-1988 котиби якуми Сафорати ИҶШС дар Бағдод ( Ҷумҳурии Ироқ ), солҳои 1988-1989 донишҷӯи курсҳои кормандони масъули сафоратхонаҳои Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС буд.

Н. Холов солҳои 1990-1996 мушовири Сафорати ИҶШС ва баъдан Федератсияи Русия дар Димишқ ( Ҷумҳурии Сурияи Араб ) буд. Солҳои 1996-2001 мушовири калон, сипас сардори шӯъбаи Консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар Маскав буд. Солҳои 2001-2005 консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Искандария ( Ҷумҳурии Мисри Араб ), солҳои 2005-2013 сармушовири Раёсати кор бо ҳамватанон дар хориҷаи Вазорати корҳои хориҷии Русия буд.

Аз 22 ноябри соли 2013 то 9 ноябри соли 2021 Н. Холов - Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар кишвари Қатар дар Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, (Ховари Миёна) буд. Ҳоло ӯ дар нафақа аст.

Илова ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, арабӣ, форсӣ ва инглисиро медонад.

Рутбаи дипломатӣ

вироиш

Мукофотҳо

вироиш
  • Ордени Дӯстӣ (Русия) (27 июни 2017) - Барои саҳми бузург дар таҳия ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатии иқтисодӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона [4]
  • Медали ордени «Барои хидмат дар назди Ватан», дараҷаи II (Русия) (22 феврали 2013) - Барои саҳми бузург дар татбиқи сиёсати хориҷии Федератсияи Русия ва меҳнати бисёрсолаи софдилона [5].

Нурмаҳмад Холов писари калонии Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Маҳмадулло Холов (солҳои 1963-1984) мебошад.[6]. Ӯ оиладор ва соҳиби як писари калонсол ва се духтар аст.

Пайвандҳо

вироиш