Нурмуҳаммад Шамс
Нурмуҳаммад Шамс (Шамсов Нурмуҳаммад Нуриддинович; тав. 20 феврали 1983, Мортеппа, Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — рӯзноманигор, ровии барномаҳои телевизионӣ, аккос ва тарроҳи китоб. Мудири редаксияи харита, тасвирот ва дизайни Энсиклопедияи миллии тоҷик (2015—2020). Узви Итифоқи журналистони Тоҷикистон (2011). Дорандаи нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2017).
Ном ҳангоми таваллуд | Шамсов Нурмуҳаммад Нуриддинович |
---|---|
Таърихи таваллуд | 20 феврал 1983 |
Зодгоҳ | деҳаи Мортеппа, Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | аккос |
Ҷоизаҳо |
Нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишНурмуҳаммад Шамсов 20 феврали соли 1983 дар деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби №25-и ҳамин деҳа фаро гирифтааст. Солҳои 2000 – 2003 дар литсейи техникаи алоқаи шаҳри Душанбе таҳсил карда, соҳиби маълумоти миёнаи касбӣ гардидааст. Соли 2003 ба факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ (ҳоло факултаи журналистикаи ДМТ) шомил шуда, соли 2008 онро бо ихтисоси «рӯзноманигори байналхалқӣ» хатм кард.
Пас аз хатми донишгоҳ ба «ТелевизиониТоҷикистон» ба кор даромада як қатор барномаҳои ӯ бо номи «Навои бомдод» «Фурӯғи меҳр», «Таронаи Ватан», ҳамчунин муҷрии барномаҳои субҳона тавассути телевизион пахш шуданд. Ҳамчунин бо Радиои Тоҷикистон низ хамкорӣ намуда, муаллиф ва ровии барномаи «Хуршеде дар субҳ»-и радиои мазкур буд. Минбаъд ҳамчун хабарнигори озод, суратгир, веб-дизайнер, (торнамосоз) бо чандин расонаҳои дохилӣ ҳамкорӣ дошт. Як муддат муҷрии барномаҳои «Сарзамини таронаҳо» ва «Гулбонги тарона» дар телевизиони СМТ буд.
Аз соли 2011 Узви Итифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Таҳти назорат ва дасткориҳои бевоситаи ӯ ороиши муқова, астару тасовири дохили китобҳои «Энсиклопедияи миллии тоҷик», ҷилди 3 ва ҷилди 4, «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», ҷилди 1 ва 2, ҳудуди 10 китоб ба чоп расидаанд[1][2].
Ӯ ҳамчунин муаллифи китоби омӯзишии «Microsoft Word. Омӯзиши осон» дар соли 2011 мебошад.
Фаъолияти меҳнатӣ
вироиш- Соли 2003 —механики таҷҳизоти садо ва симо бо Кумитаи Телевизион ва радио ҳамкорӣ дошт.
- Солҳои 2005 – 2008 — муҳаррири барномаҳои мусиқии «ТелевизиониТоҷикистон»
- Соли 2009 — котиби масъули маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»
- Солҳои 2009 – 2010 — муаллими фанни информатика дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Варзоб.
- Солҳои 2010 – 2014 — дизайнери сохтмон дар ҶСП «Мафруз-2007
- Соли 2014 — мутахассиси пешбари Редаксияи харита, тасвирот ва дизайни Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.
- Соли 2015 —2020 — мудири Редаксияи харита, тасвирот ва дизайни Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.
Ҷоизаҳо
вироишОсор
вироишКитобҳо
вироиш- Нурмуҳаммад Шамс. Microsoft Word. Омӯзиши осон. — Душанбе: «Ирфон», 2011. — 60 с. — ISBN 978 99947-0274-9.
Аксҳо
вироишНашри озоди бойгонии суратҳо ба Викианбор
вироишАз моҳи марти соли 2017 Нурмуҳаммад Шамс бойгонии шахсии суратҳои гирифтаашро барои Бунёди Викимедиа таҳти иҷозатномаи озоди Creative Commons Attribution-Share Alike 4.0 International дар Викианбор боргузорӣ дорад[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 4. Вичлас–Гӯянда — Душанбе: СИ ЭМТ, 2015. — 660 с. — ISBN 978-99947-33-46-0
- ↑ Донишноммаи фарҳанги мардуми тоҷик, Ҷилди 1 (А–М). — Душанбе: СИ ЭМТ, 2015. — 668 с. — ISBN 978-99947-33-79-8
- ↑ Category:Photographs by N. Shams - Wikimedia Commons(англ.). commons.wikimedia.org. 18 сентябри 2017 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Саҳифаи расмии Нурмуҳаммад Шамс дар шабакаи иҷтимоии Facebook