Нусратулло Абдулҳақов
Нусратулло Абдулҳа́қов (10 январи 1930, деҳаи Сияҳлояк, ноҳияи Ховалинг — 2004, Душанбе) — арбоби давлатӣ ва низомӣ, генерал-майори милитсия (1975).
Таваллуд | 10 январ 1930 |
---|---|
Даргузашт | 2004 |
Ҷоизаҳо | |
Хидмати сарбозӣ | |
Мансубият | Тоҷикистон |
Рутба | генерал-майори милитсия |
Зиндагинома
вироишОмӯзишгоҳи омӯзгорӣ (1946) ва Институти давлатии педагогии Кӯлобро (1948) хатм карда, дар мактабҳои ноҳияи Балҷувон дарс додааст. Котиби якуми Комитети комсомолии ноҳияи Балҷувон (1950 — 52), мудири шуъбаи Комитети ҳизби коммунистии ҳамин ноҳия (1952 — 53), котиби Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Данғара ва котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Даштиҷум (1953 — 54) буд. Таҳсил дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС (шаҳри Тошканд, 1956 — 60), раиси комиҷроияи ноҳияи Шаҳритуз (1961), котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб (1961 — 65), котиби КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои Вазирон ва раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ (июл — декабри 1965), раиси Комитети назорати халқии ҷумҳурӣ (1965 — 72), Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон (1972 — 80).
Мукофоту ореднҳо
вироишБо орденҳои Байрақи сурхи меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдулҳақов Нусратулло // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.