Нусратулло Махсум (пирях)
Нусратулло Махсум (пешина Дзержинский) — номи пирях воқеъ дар оғозгоҳи дарёи Язғулом буда, дар нишебаи ҷануби қаторкӯҳи Язғулом воқеъ аст. Тӯлаш 13, 3 км, бараш 450 – 900м, масоҳаташ 22, 8 км² мебошад. Ҳаҷми ях 1,43 км³ аст. Аз ин пирях дарёи Хабарвихас (шохоби Ғӯдара, ҳавзаи дарёи Мурғоб) сар мешавад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳомидов Д.Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 140. — 470 с. (тоҷ.)