Пирях
Пирях — тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳо яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини Мовароуннаҳр, ба хусус Тоҷикистон аст.
Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.
Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд:
Пиряхҳои калонтарин
вироишДар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои калонтарин инҳоянд:
- Федченко [651,7 км², тӯлаш 77 км],
- ГруммГржимайло [160 км², тӯлаш 36,7 км],
- Бивачний [197 км², тӯлаш 27, 8 км],
- Гармо [153 км², тӯлаш 27,5 км],
- Савуқдараи Калон [69 км², тӯлаш 25,2 км],
- Ҷамъияти Географӣ [81,8 км², тӯлаш 21,5км],
- Гандо [55 км², тӯлаш 22,5 км]
- Зарафшон [41 км², тӯлаш 27 км][1]
Нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 138. — 470 с. (тоҷ.)