Нӯҳи II
Нӯҳи II ибни Мансур (976-997) — амири Давлати Сомониён.
форсӣ: نوح دوم بن منصور | |
Таваллуд | 963 |
Даргузашт | 23 июл 997 |
Падар | Мансури I ибни Нӯҳ |
Фарзандон | Мансури II ибни Нӯҳ, Абдулмалики II ва Абуиброҳим Мунтасир |
Эътиқод | суннӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пас аз марги Мансури I ибни Нӯҳ (961-976) писари хурдсоли ӯ Нӯҳи II ибни Мансур (976-997) амири Сомониён гардид. Аз хурдсолии ӯ истифода карда, вазирону дарбориён ва модараш ба корҳои давлатдорӣ дахолат мекарданд. Мушкили дигари хонадони сомонӣ ин шахсияти Абулҳасани Симҷурӣ сипаҳсолори Хуросон ва саркашиҳои ӯву қудрати рӯзафзунаш дар дарбори Бухоро буд. Ӯ аҳолии Хуросонро тороҷ карда, дар якҷоягӣ бо саркардаи дигари турки дарбори Cомонӣ Фоиқ соли 982 вазир Абулҳусайн Утбӣро ба қатл мерасонад. Марги ин вазир сабаби нооромӣ ва ошуфта гаштани муҳити дарбор гардид.
Дар солҳои 90-уми асри X ба арсаи қудрати давлати сомонӣ ду турки дигар афзуд мешавад. Инҳо Бектузун ва Инонҷ буданд, ки амир Нӯҳи II онҳоро барои бартараф кардани Фоиқ фиристод. Пас аз шикаст хӯрдани Фоиқ аз Бектузун ва Инонҷ (соли 990) ӯ барои қасд гирифтан аз амири сомонӣ ва дарбори Бухоро ба хони Давлати Қарохониён муроҷиат намуд. Қарохониён то ин дам бар шаҳри Исфиҷоб соҳиб гашта буданд. Аз парешонии вазъи Мовароуннаҳр ва бечорагии амирони сомонӣ истифода бурда, хони қарохонӣ Буғрохон соли 992 ба Бухоро ҳамлавар гашта, онро забт кард. Беморӣ ва марги нобаҳангоми хон ба Нӯҳи II имкон дод, ки дубора ба Бухоро баргардад. Дар муҳорибаи соли 994 дар назди Ҳирот ба сипаҳсолори сомонӣ Сабуктегин, амири Ғазна, муяссар гашт, ки артиши якҷояи Фоиқ ва Абӯалии Симҷуриро шикаст диҳад. Ҳамин тавр хонадони Симҷуриҳо аз байн рафт, вале дигар хонадони туркӣ яъне оли Сабуктегин ё Ғазнавиён фаъолона ба арсаи сиёсӣ ворид гаштанд.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011. – С. 116-117.